Ман иштирокчии барномаи Edmund Muskie Graduate Fellowship Program мебошам ва ин барномаи Бюрои Таълим ва Мубодилаи Департаменти Иёллоти Муттаҳида мебошад, ки он аз тарафи АЙРЕКС – IREX (International Research & Exchanges Board) амалӣ мешавад. Дар ҳоли ҳозир ман дар риштаи Фанновариҳои(Технологияҳои) Муосир дар Маориф ва Рушд дар Донишгоҳи Ҳартфорд таҳсил карда истодаам. Риштаҳои мавриди алоқамандии ман : фанновариҳои муосир, таҳсили фосилавӣ, арзёбии электронӣ, ҳукумати электронӣ, фанновариҳо дар таълим ва омӯзиши забонҳо, чандрасонаи дар маориф, нармафзорҳои озод ва таълимӣ, эҷоди барномаи таълимӣ( дарсӣ) ва рушди маҳорати касбӣ.
Ман панҷ сол дар макотиби гуногун ҳамчун омӯзгори забони инглисӣ дар ноҳияи Исфара кор кардаам. Илова бар ин дар барномаи пайвасткунии макотиби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шабакаи Ҷаҳонии Интернет дар Релиф Интернешнл дар вазифаҳои гуногун (тренер, ҳамоҳангсози таълимӣ ва сарвари барнома) муддати панҷ сол кор кардаам.
Чун як омӯзгори ҷавон барои ман омӯзиш ва истифодаи фанновариҳои гуногуни муосир дар омӯзиш ва таълими забонҳо бисёр шавқу рағбат дорам. Дар дарсҳои худ ман аз бисёр нармафзорҳои компютерӣ ва сарчашмаҳои интернетӣ васеъ истифода мебурдам.
Боз хизмат ба ҷомеаи худ ва ташаббускорӣ барои рушди маҳаллӣ худро дӯст медорам ва пурра дастгирӣ менамоям. Фикр мекунам, дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳама новобаста аз синну сол, вазифа ва мақом бояд барои ҳамдигар кӯмак расонанд ва дасти ҳамдигарро бояд бигиранд.
Дар вақтҳои холигиям ман ба эҷоди мӯҳтавои таълимӣ, дарсҳо ва санҷиши сахтафзорҳо (технологияҳои муосир) машғул мешавам. Чун омӯзгори забони инглисӣ будам, яке аз шуғлҳои дӯст доштаи ман омӯхтани забонҳои хориҷӣ мебошад. Инчунин ба рушди Википедиаи Тоҷикӣ дар вақтҳои холигиям бо тарҷума кардани мақолаҳои энсиклопедӣ аз дигар бахшҳои Википедиа ҳиссагузорӣ менамоям. Илова бар забони тоҷикӣ, ман бо забонҳои русӣ, форсӣ, инглисӣ ва каме олмонӣ ҳарф мезанам.
Дар ин сомонаи шахсиям дарёфтҳо, назарҳо ва таҷрибаи худро бо ҳамагон мебинам. Агар саволу пешниҳодот доред ва ё бо назарҳои ман тарафдор ё муқобил ҳастед, лутфан бо ман дар тамос бошед ё зери навиштаҳои ман дар торнигор назараҳои худро нависед.
Иттилооти дар ин сомона гузошта шуда танҳои барои ҳадафҳои иттилооти умумӣ мебошад. Ин назарот аз тарафи соҳибӣ ин сомона гузошта шудаанд. Соҳиби сомона саъю кӯшиш менамояд, ки иттилоот саривақти ва дуруст бошанд, барои иттилооти нодуруст, дастраси, аксҳо, пайвандҳои беруна, саҳеҳият, эътиборнокӣ, рӯзмаррагӣ, фаврияти иттилоот, назарҳо ва вокуниши дигарон ягон хел кафолат ё намояндагӣ дода намешавад. Ҳар гуна вобастагии Шумо ба чунин иттилоот кори шахсии Шумост ва касе ҷавобгар нест.
Ин сомонаи хусусӣ аст ва баёнгари мавзеъ ё дидгоҳҳои барномаи Edmund Muskie Graduate Fellowship Program ва АЙРЕКС – IREX нест.

