Филми мустанади ҷадид дар бораи се хонандагони ҷавони Қуръон

Мақолаеро дар бораи филми мустанади ҷадид бо номи Koran By HeartҚуръон бо Қалб ё мазмунан Ҳифзи Қуръон-ро мутолиа кардам, ки дар бораи Озмуни қироати Қуръон аз тарафи кӯдакони хурдсол дар Миср мебошад. Ҳар сол дар Миср, беш аз 100 кӯдакон аз 70 кишварҳои ҷаҳон дар кӯҳантарин мусобиқиаи ҳифз ва қироати Қуръон иштирок мекунанд. Дар шабакаи Интернет порчаи ин филмро низ пайдо карда, тамошо кардам. Continue reading

Posted in Learning | Tagged , | Leave a comment

Барномарезӣ ними аз муваффақият

Sorry, this entry is only available in English.) English generates a list of languages seperated by except for the last one, where will be used instead.

Posted in Learning | Leave a comment

Тестҳои қабул ва донишҷӯёни оянда

Довталаб - Донишҷу - Аз Анбои Викимедиа

Дар сомонааш, Радиои Озоди менависад, ки “донишгоҳу донишкадаи Тоҷикистон аз соли 2000-ум ба ин сӯ усули тестии имтиҳони давлатиро шурӯъ карданд”. Имтиҳоноти давлатии фориғултаҳсил шудан ё имтиҳоноти дохилшавӣ. Баъд аз мутолиа маълум шуд, ки имтиҳоноти дохилшавӣ будааст. Continue reading

Posted in Learning | Tagged , , | 4 Comments

Муҳоҷирати корӣ ба Русия – Меҳнаткашони Тоҷик дар Русия

Муҳоҷирати корӣ ба Русия – Меҳнаткашони Тоҷик дар Русия

Раводид ё Бозгашти Сарҳадбонони Русия

Шабакаҳои иҷтимоӣ барои табодули назар бисёр макони хуб аст. Рӯз то рӯз шабакаи иҷтимоии Фейсбук байни тоҷикон машҳур шуда баҳсу мунозираҳои тоҷикон дар ин шабака назар ба шабакаҳои Русия Мой Мир ва Одноклассники пурмӯҳтавоянд. Шояд аз сабаби бузургтарин шабакаи иҷтимоии ҷаҳон будани Фейсбук бошад ё шояд аз сабаби ҷамъ омадани тоҷикони ҷаҳон бошад? Continue reading

Posted in Uncategorized | Leave a comment

Маҳалгароӣ ва яке аз роҳҳои ҳаллӣ ин падида дар Тоҷикистон

Дар баҳсҳои интернетӣ мавзӯи маҳлагароӣ роҳҳои ҳаллӣ ин падида ба назар мерасанд.  Дар ду баҳс назари худро баён кардам ва мехонҳам берун аз шабакаи иҷтимоӣ инҷо, дар ин торнамо мунташир кунам.

Дар фасли тобистон наврасонро барои сайёҳат ба дигар манотиқи ҷумҳури ба бошишгоҳҳои махсуси фароғати фиристодан лозим аст. Дар дохили ҷумҳурӣ бояд шароити мубодилаи мардуми манотиқи гуногун фароҳам оварда шавад. Мардуми шимол дар бораи ҷануб маълумоти кофӣ надорад, ҷануб аз шимол! Барномаҳои мубодилаи наврасон, донишҷӯён, мутахасисонро бо кишварҳои чаҳон дорему, дар дохил ин чиз назаррас нест…

Барои решакан кардани маҳалгароӣ дар ҷомеа Шумо чӣ назароте доред?

Posted in Uncategorized | Leave a comment

Сафар ба Ҷануби Род Айленд

This gallery contains 2 photos.

More Galleries | Leave a comment

Бале Мо Метавонем!

Бале Мо Метавонем!

Дар ҷараёни мубориза бо гуруснагӣ дар ҷомеаи мо!
Бо ҳам, мо тағийроте метавонем эҷод бикунем.

Да Мы Можем!

Продолжающейся кампания, чтобы устранить голод в нашем сообществе!
Вместе мы можем многое изменить!

West Hartford, Connecticut, USA July 18 2011

Posted in Uncategorized | Tagged | Leave a comment

Мусоҳиба Бо Худо

Tajikistan Mountains

Commons: Кӯҳҳои Тоҷикистон

Чанде пеш бо як навореро бо забони инглисӣ ва русӣ тамошо карда будам, ки дар он матни мубоҳисаи хайёлии нафаре бо Худо буд.  Бисёр мазмуни хубе дошт. Имрӯз тарҷумаи онро дар торнамои Парвоз Ба Сӯи Ӯ пайдо кардам ва онро аз ҳуруфи порсӣ ниёгон ба сириллик баргардонидам. Умедворам ин матлаб барои нафароне ки ба забони инглисӣ балад нестанд ва ҳуруфи ниёгонро намедонанд,  ғизои маънавӣ шавад, чун барои худ бисёр чизҳои мусбатер аз ин мубоҳисаи хаёлӣ пайдо кардам. Навори аслиашро аз сомона YouTube бо забони инглисӣ дарёфт карда дар зер гузоштам.

Сӯҳбат бо Худо

Дар хоб дидам, ки дорам бо Худо ҳарф мезанам…

Худо аз ман пурсид: Мехоҳи аз ман чизеро бипурсӣ?

Ман гуфтам: Бале, агар вақт дошта бошед.

Бо лабханде гуфт: Вақти ман абадӣ аст. Чӣ пурсише дар зеҳн дорӣ, ки мехоҳи аз ман бипурсӣ?

Пурсидам: Чӣ чизе дар рафтори инсонҳо ҳаст, ки Шуморо шигифтзада мекунад?

Худо посух дод: Одамон аз будан дар даврони кӯдакӣ хаста мешаванд. Мехоҳанд зудтар бузург шаванд ва сипас ҳасрати даврони кӯдакиро мехӯранд.

Инки саломатии худро сарф ба касбу сарват мекунанд ва сипас сарваташонро дубора ба бозгашти саломатишон харҷ мекунанд.

Чунон бо ҳаяҷон ва нигарони ба оянда фикр мекунанд, ки аз замони ҳол ғофил мешаванд он чуноне, ки дигар на дар ҳоли ҳозир зиндагӣ мекунанду на дар оянда.

Инки чунон зиндагӣ мекунанд, ки гӯё ҳеҷ вақт нахоҳанд мурд. Ва он чунон мемиранд, ки гӯё ҳаргиз зиндагӣ накардаанд.

Худованд дастҳои маро дар даст гирифт… ва мо барои лаҳзае сукут кардем.

Сипас ман пурсидам: Инсонҳо чи дарсҳоеро аз зиндагӣ бояд ёд бигиранд?

Худованд бо лабханд посух дод: Ёд бигиранд, ки наметавонанд дигаронро маҷбур кунанд, ки дӯсташон дошта бошанд, аммо метавонанд тавре рафтор кунанд, ки маҳбуби дигарон шаванд.

Ёд бигиранд, ки худро бо дигарон муқоиса накунанд.

Ёд бигиранд, ки сарватманд касе нест, ки дорои бештари дорад, балки касе аст, ки ниёзи камтаре дорад.

Ёд бигиранд дигаронро бубахшанд ё одат кунанд ба бахшандагӣ.

Ёд бигиранд танҳо чанд сония тӯл мекашад то захме дар қалби касе, ки дӯсташ доред эҷод кунед, вале солҳо тӯл мекашад то он ҷароҳатро муолиҷа кунед.

Ёд бигиранд касоне хастанд, ки онҳоро аз самими қалб дӯст доранд, вале намедонанд чигуна эҳсосашонро иброз кунанд.

Ёд бигиранд ва бидонанд ду нафар метавонад ба як мавзӯъи воҳид нигоҳ кунанд, вале бардошти онҳо мутофовит бошад.

Ёд бигиранд, ки ҳамеша кофӣ нест ҳамдигарро бубахшанд, балки инсонҳо бояд қодир ба бахшиш ва афви худ низ бошанд…

Сипас ман аз Худо ташаккур кардам ва гуфтам: Оё чизе дигари ҳам вуҷуд дорад, ки дӯст дошта бошед то онҳо бидонанд?

Худованд лабханде зад ва посух дод: Фақат ин, ки бидонанд ман инҷо “бо онҳо” ҳастам…ҳамеша!

Манбаъ:Омӯзгори Диҷитол (Рақамӣ) – Парвоз Ба Сӯи Ӯ

Posted in Uncategorized | 2 Comments

Ҷанги Амрикову Чин дар Сурхоб. Бозии компютерӣ – Operation Flashpoint: Red River

Таи як чанд рӯз мушоҳида мекунам, ки баҳс дар бораи як бозии компутарӣ бо номи Operation Flashpoint: Red River дар расонаҳои тоҷикӣ давом дорад. Дар бораи ин бозӣ навореро дар аввали солӣ ҷорӣ дар торнамоям ҷой дода навишта будам, ки ин бозӣ ва бозиҳои марбут ба ҷанг ягон фоидае надорад.

Имрӯз пас аз мутолиаи матлаби ҷадид бо унвони “Ҷанги Амрикову Чин дар Сурхоб. Бозии компютерӣ” ва назарҳои хонандагон дар сомонаи Радиои Озодӣ назари худро баён кардам. Инҷо назарамро бознашр мекунам, чун мехоҳам, ки аз ин торнамо низ бо назари банда оиди ин бозӣ ва истифодаи он дӯстон шинос шаванд.

Чӣ хеле, ки дар бахши русии торнамои РО (Радиои Озодӣ) оиди ин бозии компутарӣ назари худро баён карда будам, пеш аз ҳама қонунро пурқувват карда, онро бояд дар ҳама сатҳ риоя кард. Дар кишварҳое, ки ин намуд бозиҳо ва филмҳо интишор мешаванд, рейтинг (арзёбӣ, баҳогузорӣ) доранд ба хурдсолон тавсия намешавад. Барои синну сол муайян карда мешавад. Агар мушоҳида карда бошед дар аввали бози ё филм ҳушдор дода мешавад, ки барои ин ё он синну сол тавсия нест. Бо манъ кардан, баръакс ин бозиҳо ва филмҳо муаррифӣ мешаванд.

Ин бозӣ боварӣ дарам, Terms of Use – Шартҳои Истифода дорад, ки дар вақти насб кардан ба компутар, истифодабаранда бо он розӣ мешавад, ӯҳдадориҳои истифодабарандаро, ки дар шартҳои истифода зикршудааст қабул карда розӣ мешавад, ки дар ҳолати таъсир ва пайомадӣ манфӣ худи истифодабаранда ҷавобгар аст.

Маъмулан, нармафзорҳои компутарӣ бидуни қабули шартҳои истифода ба компутар насб намешаванд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар шахсе ки дар компутараш ин ё он барномаро дорад, ҳуҷҷати қонуниро бо ӯҳдадориҳояш қабул кардааст ва ҷавобгар аст.

Падару модар дар хона низ бояд эҳтиёткор бошанд, ки наврасон аз бозиҳо ва филмҳои мӯҳтавои зуроварӣ ва фаҳш дошта истифода набаранд. Падару модар ӯҳдадоранд. Инчунин ин қонунро ҳамаи онҳое, ки бо наврасон кор мекунанд бояд риоя кунанд.

Аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон - Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Боби 2, Моддаи 7

- ба фарзанди ноболиғ тамошои филмҳои ғайриаҳлоқӣ, фаҳш ва ҳусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористӣ доштаро манъ намуда, аз тамошои ин гуна филмҳо ҳуддорӣ намоянд;

Ман таи ду сол дар Амрико зиндагӣ мекунам, мебинам, ки қонун риоя мешавад. Дар мағозаҳо фуруши сигор ё шаробҳо ба (дар бархе иёлат то 22 сол) наврасон, иҷозаи вуруд ба дискоклубҳо қатъиян манъ аст.

Бидуни розиги бо шарту шароити истифода дар компутарҳо нармафзорҳо қонунӣ ва ғайриқонунӣ насб карда намешаванд.

Пайвандҳо:

Motion Picture Association of America Film Ratings
http://www.placer.ca.gov/Departments/Library/PoliciesProcedures/MPAAMovieRatings.aspx

Film Ratings – http://www.mpaa.org/ratings

http://ru.wikipedia.org/wiki/Ограничение_по_возрасту

Posted in Тоҷикӣ, games, Technology | Tagged , , , , , | Leave a comment

Рӯзи Падар

Имрӯз дар Амрико Рӯзи Падар аст.  Дар моҳи июн бино ба Википедиа, Рӯзи Падар дар бисёр кишварҳои ҷаҳон дар Амрико, Эрон ва Афғонистон ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон бошад, падаронро мо танҳо дар рӯзи Артиши Миллӣ 23-ум феврал муборакбод мегӯем.

Рузи падавр барои бузургдошти арзиши падар дар хонавода дар кишварҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Дар бештар кишварҳои ҷаҳон севумин якшанбе июн рузи падар аст. Соли 2011 рузи падар 19 июн (баробар бо 29 Хурдод) мебошад. Дар Эрон пеш аз инқилоб, рузи 24 Исфанд зодрӯзи Ризо Шоҳ бар пояи гоҳшумори эронӣ рузи падар номида мешуд. Дар кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон акнун рузи тавлиди Алӣ ибн Абу Толиб Имоми аввал шиаъён, рузи падар номида мешавад. – Аз Википедиаи Порсӣ

Расман дар Тоҷикистон рӯзи ғайри ҳарбӣ бахшида ба падарон вуҷуд надорад. Хуб мешавад, агар як рӯзи ғайри ҳарбӣ ба падарони тоҷик эълон рӯзи Падар эълон мешуд.

Агар шумо дар хориҷа ҳастед ё падаратон дар хориҷа бошанд, лутфан ба падар занг занед аз ҳолаш пурсон шавед. Чӣ хеле, ки Исроилҷон Файзиддинов месарояд “Падар шоҳсутин хонадон аст”.

Posted in Tajikistan | Leave a comment