Ин матлабро аз телефони дасти навишта истодаам. Дар iPhone як абзори WordPress for iOS насб кардам. Ин абзор барои бо осони нашр кардани матолибро ба корбаронаш пешкаш мекунад. Абзор дар ITunes ройгон кобили дастраси мебошад.
(English) Edmund S. Muskie Graduate Fellowship Program 2012 Apply today!
Sorry, this entry is only available in English.) English generates a list of languages seperated by
(English) No Social Networking Access at Istanbul Ataturk International Airport
Донишҷӯёни тоҷик шоҳиди тӯфони Ирина дар Ню Йорк
Tajik students waiting for the end of the Hurricane Irene which was downgraded to the tropical storm. In the picture a tajik watching new concerning the hurricane situation in New York
Шаҳрвандони Тоҷикистон интизори хотимаи тӯфони Ирен дар Ню Йорк. Дар расм як аз донишҷӯёни тоҷик дар ҳоли тамошои ахбор дар бораи вазъияти Ню Йорк

Як рӯз аз зиндагии худ
Як рӯз аз зиндагии худ ё як рӯз аз ҳаёти худ – ном дорад пружаи ҷадиди корбарони Фейсбуки тоҷик. Ин пружа, як пешниҳоди корманди Радио Замона хонум Шаҳзода Назарова мебошад, ки дар вақти омода кардан ва тамошои видео-наворе дар бораи ҳаёти як чанд нафар эрониёни чаҳон пайдо мешавад.
Аз ҳама дӯстон ва шахсоне, ки дар ин пружа ширкат варзидан мехоханд, эҳтиромона хоҳиш мекунам аз торнигори хонум Шаҳзода Назарова дидан кунанд ва бо мушаххасот – талабот фиристодани наворҳо аз наздик ошно шаванд. Инчунин дар торнигори хонум Назарова пайвандҳоеро ба филми аслии дар бораи ҳаёти эрониёнро пайдо хоҳед кард.
Мусоҳиба бо Радиои Озодӣ дар бораи филми “Ҳифзи Қуръон”
Пас аз нашри назарҳои худ дар бораи филми мустанади истеҳсоли HBO Quran By Heart, муосҳибае доштам бо Радиои Озоди. Дар гурӯҳи “Блогнависони Тоҷик” дар шабакаи иҷтимоии Фeйсбук пайвандеро гузоштам бо ҳадафи хабардор кардани блогнависони тоҷик. Корманди Радиои Озодӣ устод Салими Аюбзод вақти худро дареғ надошта бо ман сӯҳбатӣ тӯлони доштанд ва матни мусоҳибаро дар сомонаи Радиои Озодӣ нашр карданд, ва инчунин мусоҳиба дар Маҷаллаи Бомдодии Радиои Озодӣ пахш шуд.
Дар як муддати кӯтоҳ матлаби интишоршуда дар Радио Озодӣ ба яке аз пурхондатарин табдил ёфта ба феҳристи писандидаҳои хонандагон ворид шуд. Дар ҳоли ҳозир беш аз 100 назарҳои хонандагон посух ба мусоҳиба навишта шудаст. Барои мутолиа матни мусоҳиба дар сомонаи Радио Озодӣ инҷо клик кунед – нохун занед.
Моҳи Рамазон дар Иёлоти Муттаҳида
Дар баҳсҳои интернетӣ дӯстон аз ман рӯз гирифтан ё нагирифтанро пурсон мешавад. Саволҳои гуногуни ба мисоли оё Амрико масҷидҳо дорад ё не? Сару либосӣ исломӣ, риш ва ғайраро низ донистан мехоҳанд. Бархе дар бораи таҳсили исломӣ дар Амрико низ дар яке аз баҳсҳо суол карда буданд. Continue reading
Филми мустанади ҷадид дар бораи се хонандагони ҷавони Қуръон
Мақолаеро дар бораи филми мустанади ҷадид бо номи Koran By Heart – Қуръон бо Қалб ё мазмунан Ҳифзи Қуръон-ро мутолиа кардам, ки дар бораи Озмуни қироати Қуръон аз тарафи кӯдакони хурдсол дар Миср мебошад. Ҳар сол дар Миср, беш аз 100 кӯдакон аз 70 кишварҳои ҷаҳон дар кӯҳантарин мусобиқиаи ҳифз ва қироати Қуръон иштирок мекунанд. Дар шабакаи Интернет порчаи ин филмро низ пайдо карда, тамошо кардам. Continue reading
Барномарезӣ ними аз муваффақият
Sorry, this entry is only available in English.) English generates a list of languages seperated by

