Ibrahim's Blog

Tag: Technology

Ду Дарси Аввалин – Китоб ва Нармафзор

by ibrahimjon on Sep.15, 2009, under Adventure, E-tools, Open Source, Technology, Тоҷикӣ

Рӯзи гузашта бегоҳӣ ду дарс доштам:Истифодаи Компютер дар Таълим (The Computer as an Instructional Tool) ва Пажӯҳиш ва Омор дар Маориф (Статистика) Ин бори аввал аст, ки ман ба ин ду дарс меоям. Аз сабаби иди Меҳнат рӯзи 7 сентябр Душанбе ин ду дарс нашуд ва ман мунтазири рӯзи 14 будам.

Устодон аз соати 7 бегоҳ то соати 10:00 дарс мегӯянд. Барои дарси аввал ягон китобе лозим нест, ҳамаи адабиёти тариқи Интернет ва почтаи электрони ба донишҷӯён дастрас аст. Ҳама дар дарси аввал худро шинос намуд. Дар ин дарс, ман яке аз ду хориҷиён будем. Ба ғайр аз ман, як духтари чиноӣ дар ин риштаи Фанновариҳо дар Таълим таҳсил мекунад. Дигарон бошанд, ҳама амрикоиҳо мебошанд. Омӯзгорони мактаб низ дар ин дарс иштирок мекунанд. Рӯзона дар мактабҳои оммавӣ дарс мегӯянд. Ба ман маълум шуд, ки на ҳамаи донишҷӯён аз компютер бисёр истифода мебаранд, аммо асоси компютер ва Интернетро (навиштани почтаи электронӣ, чидани ҳуруф ва чоп матнҳо ва ғайра)медонанд ва мехоҳанд, ки аз нармафзорҳои гуногуни таълимӣ истифода баранд. Баъзе донишҷӯён хоҳиши навиштани кори илмӣ оиди истифода бурдани фанновариҳои таълимиро доранд.

Дарси дуввум бошад, дар бораи ҳисобу китоби оморӣ дар таълим, умуман дар маориф аст. Чун ҳафтае як дарси Омор дорам, омӯзгор супориши хонагӣ ва қадам ба қадам истифодаи нармафзорро барои донишҷӯён тайёр кардааст. Барои ман калимот ва вожаҳои оморӣ каме душвор буд ва устод саъю кӯшиш кард, ки соддатар барои ман ин дарсро бифаҳмонад. Барои ин, ман як китоби дарсиро ҳамроҳи як нармафзоре харидорӣ намудам. Ин китоб Using SPSS for Windows and Macintosh: Analyzing and Understanding Data мебошад. Китоб бо як нармафзораш(барнома дар CD) 130 доллар аст.

Дар Точикистон ба ин нарх барномаҳои шикастаро ғайриқонуни харидан мумкин аст. Дар Амрико харидори ва ё ба фуруш гузоштани нармафзорҳои шикаста ғайриқонунист ва ҳар як барномаҳое инҷо дар мағозаҳои компютери мефуршанд, ки нархашон аз ҳазор доллари амрикои баланд аст. Барои мисол ҳамон барномаи машҳури Фотошоп барои донишҷӯён на кам аз шаш сад доллар аст. Дар Точикистон бошад, ин барномаро ғ    ғайриқонуни метавон дар мағозаҳо ба 15-20 сомони дастрас кард.

Байни амрикоиҳо ҳастанд донишҷӯёне, ки қудрати харидории ин барномаҳои компютерии хеле гаронро надорад ва дар синфхонаҳои донишгоҳ аз онҳо истифода мебаранд. Донишгоҳ бархе аз нармафзорҳоро бо маблаги хеле калон ба китобхона ва синфхонахои худ харидорӣ менамояд. Барои компютери ман аз тарафи донишгоҳ як нармафзори антивирусро ройгон доданд, ки компютреи дастиам аз ҳар гуна вирусҳо тоза бошад. Дар ин Донишгоҳ барномаи анти-вирус барои ҳамаи донишҷӯён ройгон аст. Ин намуд барнома берун аз донишгоҳ шояд на кам аз 100 доллари амрикоӣ бошад.

Дар бораи нармафзорҳо ва таҳсил ба қадри имкон бештар хоҳам навишт. Шумо метавонед саволу пешниҳодоти худро дар зер  ва ё тариқи саҳифаи тамос нависед.


2 Comments :, more...

Looking for something?

Use the form below to search the site:

Still not finding what you're looking for? Drop a comment on a post or contact us so we can take care of it!