Ibrahim's Blog

Technology

Сохтани сомона шахсӣ ва ё таълимӣ барои мактаб

by ibrahimjon on Mar.01, 2010, under E-tools, ICT in Education, Open Source, Technology, e-Learning, Тоҷикӣ, Эълонҳо

Сохтани сомона шахсӣ ва ё таълимӣ барои мактаб
Барои сохтани сомонаи шахсӣ ва ё мактаб метавон аз нармафзорҳои гуногун истифода бурд. Байни дизайнерони сомонаҳо нармафзори Dreamweaver хеле машҳур аст. Ин нармафзор хеле гарон буда на барои ҳар мактаб ва ё шахс дастрас нест. Ба ғайр аз барномаҳои гарон, барномаҳои ройгон ба мисоли NVU ва Kompozer дастрас аст. Ин барномаҳоро метавон аз сомонаҳояшон ройгон дастрас кард. Барои сохтани саҳифаҳои интернетӣ дар ин барномаҳо забони HTML-ро донистан лозим, гарчанде ин барномаҳоро ба монанди барномаи Word метавонед бидуни мушикли истифода баред.

Дар ҳоли ҳозир бештар аз Системаҳои Идоракунии Мӯҳтаво Content Management System CMS ва ё Системаҳои Идоракунии Мӯҳтавои Таълимӣ Learning Content Management System истифода мебаранд. Ин системаҳоро ройгон метавонед аз сомонаҳои расмиашон, ки дар зер феҳрист шудаанд, дастрас кунед.

Системаҳои Идоракунии Мӯҳтаво

Joomla — системаи идоракунии мӯҳтаво барои сомонаҳо – www.joomla.org

Mambo — системаи идоракунии мӯҳтаво барои сомонаҳо – www.mamboserver.com

Drupal – системаи идоракунии мӯҳтавон барои сомонаҳо – www.drupal.org

Wordpress – системаи идоракунии мӯҳтаво барои торнигор/блогҳо www.wordpress.org / www.wordpress.com

Системаҳои Идоракунии Мӯҳтавои Таълимӣ

Moodle — системаи ройгон барои таълим. Бисёр донишгоҳҳои ҷаҳон аз ин система исифода мебаранд. Ин нармафзор тамоми абзорҳои таълимӣ ба монанди анҷуман — форум, махзани пайвандҳо ва китобҳо, баҳсхона, санҷишҳо ва системаи баҳогузориро дар бар мегирад. www.moodle.org

Atutor — системаи ройгони таълимӣ. Бисёр омӯзгорон дар кишварҳои ҷаҳон аз ин система барои омода кардани дарсҳо ва санҷишҳои худ истифода мебаранд. Дар ин нармафзор донишҷӯён ҳамроҳи устодони худ ин ё он мавзӯро баҳсу мунозира мекунанд. Корҳои курсии худро ба устодони худ мефиристанд. www.atutor.ca

Барои ба кор даровардани ин системаҳои бояд дар пойгоҳ (сервер) пойгоҳи додаҳои MySQL (база данных — database) бо пуштибонии забони PHP лозим аст.

Агар шахсе ин ё он барномаро надонад, метавонад дар шабаки ҷаҳонии Интернет сомона ё торнигори худро ройгон ба кор андозад. Барои ин ягон дониши барноманависӣ ва ё нармафзоре лозим нест. Танҳо дастраси ба Шабакаи Ҷаҳони Интернет лозим аст.

Narod.ru – ин сомона барои корбарони Интернет фазои бемаҳдудро пешкаш мекунад. Қадам ба қадам дар ин сомона сабти ном карда метавонед сомонаи шахсии худро созед.

Wordpress.com – ройгон торнигори худро дар сомона созед.

Blogger.com – ройгон торнигори худро дар ин сомона созед.

Leave a Comment more...

Як пешниҳоди дигар марбут ба саҳмияҳои “Роғун”

by ibrahimjon on Feb.24, 2010, under E-tools, Tajikistan, Technology, Тоҷикӣ

Дар Блогистони Радио Озодӣ як пешниҳодеро марбут ба саҳмияҳои НОБ-и Роғунро мутолиа намудам. Хеле пешниҳоди хуб аст ва қобили дастгирист.

“Ба пешниҳоди ман, бояд барои ҳар як бор пайвастшавӣ аз тариқи “зангхои баромад” аз муштариён ба миқдори як сенти иловагӣ пул пардохт шуда, он ба расмулҳисоби махсус интиқол ёбад ва ин маблағ ба саҳмия табдил шавад”, менависад ҷаноби Илҳом Ҳакимов.

Ман ҳам мехоҳам як пешниҳоди худро дар ин торнигори худ ҷой диҳам. Лутфан андешаҳои худро инҷо нависед.

Барои НОБ “Роғун” як сомонае созмон додан лозим ва дар он пайёмҳои тиҷоратӣ  ва форми ҷустуҷӯии Google-ро ҷой додан мумкин. Ҳар нафаре, ки ба сомонаи Роғун медарояд ва тариқи он дар шабакаи Интернет ҷустуҷӯ мекунад ё пайёмҳои тиҷоратии Google-ро пахш мекунад метавонад бо ин кор ба Роғун маблағи муайян ба ҳисоби Роғун аз тарафи Google пардохт карда шавад. Ба ҳама истифодабарандагони Интернет маълум аст, ки Google яке аз сарватмандтарин ширкатҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва аз пайёмҳои тиҷорати даромади хеле бузургро ба даст меорад.

Як сомонае ҳаст бо номи freerice.com Биринҷи ройгон. Дар ин сомона санҷиши луғати забони инглисӣ сохта шудааст. Ҳар нафаре, ки аз санҷиш мегузарад ба вай донаҳои биринҷ дода мешавад. Ин донаҳои биринҷ ба кишварҳои ба кӯмаки башардӯстона ниёздошта фиристода мешаванд. Дар асл дар сомона пайёмҳои тиҷорати гузошта шудаанд ва ширкатҳои гуногун маблағи муайянро ба созмондиҳандагони сомонаи FreeRice пардохт мекунанд. FreeRice дар навбати худ маблағи ҷамъшударо ба ташкилотҳои башардӯстона интиқол медиҳад. Ин сомона ба ҳамкории Барномаи Озуқаи Ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир ба Ҳайитӣ кӯмак расонида истодааст. Дирӯз 56,311,420 дона биринҷ ҷамъ шудааст.

Leave a Comment more...

Google Wave – Another Amazing Platform

by ibrahimjon on Oct.27, 2009, under E-tools, ICT in Education, Learning News, Technology, e-Learning

Google Wave is a new online tool for real-time communication and collaboration. A wave can be both a conversation and a document where people can discuss and work together using text, photos, videos, maps, and more. Learn more at wave.google.com.

Today I have received an invitation to preview and use this amazing tool which is being developed by Google. It can used as platform for your class to create documents and continuously edit documents, embed surveys, maps from Google Map, graphics and even videos.

What is interesting is that Google Wave supports also plug-ins which means users can contribute creating various plug-ins. Real time work enables users at Google Wave see how a document can be improved real-time by editing. Look forward to see many colleagues when Google Wave Beta will be public.

Leave a Comment more...

Тарҷумони Google ба забони форсӣ

by ibrahimjon on Sep.20, 2009, under E-tools, Languages, Technology, Uncategorized, Тоҷикӣ

Ҳамакнун аз ҳама пурқувваттарин ҷӯяндаи шабакаи ҷаҳонии Интернет, ки шумораи зиёди корбарон аз он ҳар рӯз истифода мебаранд ба забони форсӣ низ сӯҳбат мекунад.

Google Тарҷумон сомонаҳо ва матнҳоро аз забонҳои гуногун тарҷума мекунад. Аз имрӯз шумо метавонед навиштаҳои бо забони англисӣ дар ин сомона навишташударо ба забони форсӣ мутолиа кунед. Барои дар амал дидани тарҷумони форсии Google ва тарҷума кардани матнҳои ин торнамои ман ба форсӣ ин пайвандро пахш кунед.

Расман дар бораи ин хизмати ройгони тарҷумон, Google дар торнамояш хабаре моҳи июни соли ҷорӣ интишор карда буд.  Тарҷумон хатогиҳо дорад, аммо дар торнамо гуфта мешавад, ки кормандони Google саъю кӯшиш карда истодаанд, то сифати тарҷума беҳтар шавад. Инчунин, корбарони Интернет фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳоди худро барои беҳтар кардани тарҷумаи матнҳо ба Google дар як вақт ирсол намоянд. Дар ҳол истифодабарандагони ин тарҷумон метавонанд бо осонӣ аз беш аз 40 забонҳои дунё ба форсӣ матнҳоро тарҷума кунанд.  Аз забони форсӣ низ метавонед ба беш аз 40 забонҳои гуногун матнҳо ва сомонаҳоро тарҷума намоед.

Шояд ба наздики Google забони тоҷики ҳуруфи кирилликро низ ба рӯихати забонҳои пуштибонишуда илова намояд. Худи ҷӯяндаи Google ба забони тоҷикӣ аллакай тарҷума шуда истодааст. Бо пахш кардани ин пайванд ҷӯянди Google-ро бо забони тоҷикӣ дар мурургари худ боз кунед.

2 Comments more...

Let’s Make a Difference with Mozilla

by ibrahimjon on Sep.16, 2009, under E-tools, Learning News, Open Source, Technology, e-Learning

Mozilla has announced Mozilla Service Week September 14-21, 2009
Spread Firefox Affiliate Button
Let’s join Mozilla and other people around the world who want to share, give, engage, create, and collaborate by offering their time and talent to local organizations and people who need their help, and its not too late to get involved.

  • Teach senior citizens how to use the Web.
  • Show a non-profit how to use social networking to grow its base of supporters.
  • Help install a wireless network at a school.
  • Create Web how-to materials for a library’s computer cluster.
  • Refurbish hardware for a local computer center.
  • Update a non-profit organization’s website.
  • Teach the values of the open Web to other public benefit organizations.
Leave a Comment more...

Ду Дарси Аввалин – Китоб ва Нармафзор

by ibrahimjon on Sep.15, 2009, under Adventure, E-tools, Open Source, Technology, Тоҷикӣ

Рӯзи гузашта бегоҳӣ ду дарс доштам:Истифодаи Компютер дар Таълим (The Computer as an Instructional Tool) ва Пажӯҳиш ва Омор дар Маориф (Статистика) Ин бори аввал аст, ки ман ба ин ду дарс меоям. Аз сабаби иди Меҳнат рӯзи 7 сентябр Душанбе ин ду дарс нашуд ва ман мунтазири рӯзи 14 будам.

Устодон аз соати 7 бегоҳ то соати 10:00 дарс мегӯянд. Барои дарси аввал ягон китобе лозим нест, ҳамаи адабиёти тариқи Интернет ва почтаи электрони ба донишҷӯён дастрас аст. Ҳама дар дарси аввал худро шинос намуд. Дар ин дарс, ман яке аз ду хориҷиён будем. Ба ғайр аз ман, як духтари чиноӣ дар ин риштаи Фанновариҳо дар Таълим таҳсил мекунад. Дигарон бошанд, ҳама амрикоиҳо мебошанд. Омӯзгорони мактаб низ дар ин дарс иштирок мекунанд. Рӯзона дар мактабҳои оммавӣ дарс мегӯянд. Ба ман маълум шуд, ки на ҳамаи донишҷӯён аз компютер бисёр истифода мебаранд, аммо асоси компютер ва Интернетро (навиштани почтаи электронӣ, чидани ҳуруф ва чоп матнҳо ва ғайра)медонанд ва мехоҳанд, ки аз нармафзорҳои гуногуни таълимӣ истифода баранд. Баъзе донишҷӯён хоҳиши навиштани кори илмӣ оиди истифода бурдани фанновариҳои таълимиро доранд.

Дарси дуввум бошад, дар бораи ҳисобу китоби оморӣ дар таълим, умуман дар маориф аст. Чун ҳафтае як дарси Омор дорам, омӯзгор супориши хонагӣ ва қадам ба қадам истифодаи нармафзорро барои донишҷӯён тайёр кардааст. Барои ман калимот ва вожаҳои оморӣ каме душвор буд ва устод саъю кӯшиш кард, ки соддатар барои ман ин дарсро бифаҳмонад. Барои ин, ман як китоби дарсиро ҳамроҳи як нармафзоре харидорӣ намудам. Ин китоб Using SPSS for Windows and Macintosh: Analyzing and Understanding Data мебошад. Китоб бо як нармафзораш(барнома дар CD) 130 доллар аст.

Дар Точикистон ба ин нарх барномаҳои шикастаро ғайриқонуни харидан мумкин аст. Дар Амрико харидори ва ё ба фуруш гузоштани нармафзорҳои шикаста ғайриқонунист ва ҳар як барномаҳое инҷо дар мағозаҳои компютери мефуршанд, ки нархашон аз ҳазор доллари амрикои баланд аст. Барои мисол ҳамон барномаи машҳури Фотошоп барои донишҷӯён на кам аз шаш сад доллар аст. Дар Точикистон бошад, ин барномаро ғ    ғайриқонуни метавон дар мағозаҳо ба 15-20 сомони дастрас кард.

Байни амрикоиҳо ҳастанд донишҷӯёне, ки қудрати харидории ин барномаҳои компютерии хеле гаронро надорад ва дар синфхонаҳои донишгоҳ аз онҳо истифода мебаранд. Донишгоҳ бархе аз нармафзорҳоро бо маблаги хеле калон ба китобхона ва синфхонахои худ харидорӣ менамояд. Барои компютери ман аз тарафи донишгоҳ як нармафзори антивирусро ройгон доданд, ки компютреи дастиам аз ҳар гуна вирусҳо тоза бошад. Дар ин Донишгоҳ барномаи анти-вирус барои ҳамаи донишҷӯён ройгон аст. Ин намуд барнома берун аз донишгоҳ шояд на кам аз 100 доллари амрикоӣ бошад.

Дар бораи нармафзорҳо ва таҳсил ба қадри имкон бештар хоҳам навишт. Шумо метавонед саволу пешниҳодоти худро дар зер  ва ё тариқи саҳифаи тамос нависед.


2 Comments :, more...

Looking for something?

Use the form below to search the site:

Still not finding what you're looking for? Drop a comment on a post or contact us so we can take care of it!