Ibrahim's Blog

Tajikistan

Таҷрибаомӯзӣ дар ғарби Амрико

by ibrahimjon on May.14, 2010, under ICT in Education, Tajikistan, Technology, Тоҷикӣ

Лос Анҷелес - акс аз анбори Викимедиа

Лос Анҷелес

Як соли таҳсил ба хотима расид. Пагоҳ ба шаҳри фариштагон, ба шаҳри Лос Анҷелес меравам.  Тавассути Ню Йорк ба Лос Анҷелес меравам аз шарқ ба ғарбӣ Амрико. Дар ғарбӣ Амрико соли 2007 бори аввал ба шаҳри Сиэтл рафта будам. Бори аввал ба Лос Анҷелес рафта истодаам ва ин шаҳри фариштаҳоро дар клипҳои сурудхони машҳури эронӣ Анди Мададиён дида будам. Аз рӯи маълумоти Википедиа, Лос Анҷелес дуюмин шаҳри бузургтарин ва сераҳолитарини Амрико ва аз ҳама бузургтарин шаҳр дар иёлати Калифорния ба ҳисоб меравад. Ин шаҳри маркази тичорати ва фарҳанги буда дар тамоми чаҳон бо Ҳолливуд, маркази филмбардории Амрико машҳур аст.  Фармондор ё губернатори иёлати Калифорния низ яке аз ситораҳои Ҳолливуд мебошад ва дар тамоми ҷаҳон бо филмҳои Терминатор ва дигарон машҳур аст. Бале, фармондори иёлати Калифорния Арнолд Швартсенегр аст.

Мисли ман, панҷ нафар дӯстонам аз Тоҷикистон ва аз дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҳам дар ташкилотҳои гуногун дар давоми тобистон ба таҷрибаомӯзӣ машғул мешаванд. Ман ҳам дар яке аз ташкилотҳои амрикоӣ барои худ як вазифаи тарҷрибаомӯзро дарёфт кардам, ки он ба риштаи таҳсили ман “фанновариҳои муосир дар таълим” мебошад. Бархе аз дӯстонам дар Бонки Ҷаҳонӣ, СММ, дар ташкилотҳои маҳалливу давлатӣ тарҷрибаомӯзӣ хоҳанд кард. Умуман ҳар донишҷӯ дар донишгоҳҳои Амрико бояд давоми се ё ду моҳи тобистон ба таҷрибаомӯзӣ машғул шавад. Илова бар ин ҳар як донишҷӯ, инчунин толибилмони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар як сол бояд аз 20 то 40 соат барои маҳаллӣ худ хизмат кунанд. Фикр мекунам ҳама барои сабт кардани таҷрибаомӯзии худ дар таърихчаи зиндагиномаашон ва ё резюме ҳаракат мекунанд. Таҷрибаомӯзӣ ва хизмат ба маҳалла имкони шиносоӣ бо мутахассисони соҳаи худ ва кор бо онҳо барои ҷавонон медиҳад. Пас аз анҷоми таҷрибаомӯзи ҷавонон тавсияномаҳо мегиранд, ки дар ояндаи наздик барои дарёфти кор кӯмак мерасонанд.

Имрӯз дар сомонаи Радиои Озодӣ мақолаеро бо унвони Як ҳафтаи ҷавонон дар макомоти Суғд хондам.

Барои чи як ҳафта? Дари мақомоти давлат ҳамеша бояд ба ҷавонон ва донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ кушода бошад. Тамоми соли дар Амрико ҳама департаментҳои давлатӣ, инчунин Кохи Сафед барои таҷрибаомӯзон аз донишгоҳҳои кишвар кушода аст. Ба ғайр аз ин бисёр донишҷӯён дар Созмони Миллал ва ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ низ ба тарҷрибаомӯзӣ машғул мешаванд.

Агар “сиёсатмадорони калонсол” солҳои тӯлонӣ дар курси нишаста, ояндаро дар дасти ҷавонон на дар рӯи қоғаз, балки дар амал бинанд он вақт кишвар дар бисёр равияҳои муосир (иқтисодиёт, идоракунӣ, фанновариҳо ҷадид ва ғайраҳо) пеш хоҳад рафт.

2 Comments :, , , more...

Як пешниҳоди дигар марбут ба саҳмияҳои “Роғун”

by ibrahimjon on Feb.24, 2010, under E-tools, Tajikistan, Technology, Тоҷикӣ

Дар Блогистони Радио Озодӣ як пешниҳодеро марбут ба саҳмияҳои НОБ-и Роғунро мутолиа намудам. Хеле пешниҳоди хуб аст ва қобили дастгирист.

“Ба пешниҳоди ман, бояд барои ҳар як бор пайвастшавӣ аз тариқи “зангхои баромад” аз муштариён ба миқдори як сенти иловагӣ пул пардохт шуда, он ба расмулҳисоби махсус интиқол ёбад ва ин маблағ ба саҳмия табдил шавад”, менависад ҷаноби Илҳом Ҳакимов.

Ман ҳам мехоҳам як пешниҳоди худро дар ин торнигори худ ҷой диҳам. Лутфан андешаҳои худро инҷо нависед.

Барои НОБ “Роғун” як сомонае созмон додан лозим ва дар он пайёмҳои тиҷоратӣ  ва форми ҷустуҷӯии Google-ро ҷой додан мумкин. Ҳар нафаре, ки ба сомонаи Роғун медарояд ва тариқи он дар шабакаи Интернет ҷустуҷӯ мекунад ё пайёмҳои тиҷоратии Google-ро пахш мекунад метавонад бо ин кор ба Роғун маблағи муайян ба ҳисоби Роғун аз тарафи Google пардохт карда шавад. Ба ҳама истифодабарандагони Интернет маълум аст, ки Google яке аз сарватмандтарин ширкатҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва аз пайёмҳои тиҷорати даромади хеле бузургро ба даст меорад.

Як сомонае ҳаст бо номи freerice.com Биринҷи ройгон. Дар ин сомона санҷиши луғати забони инглисӣ сохта шудааст. Ҳар нафаре, ки аз санҷиш мегузарад ба вай донаҳои биринҷ дода мешавад. Ин донаҳои биринҷ ба кишварҳои ба кӯмаки башардӯстона ниёздошта фиристода мешаванд. Дар асл дар сомона пайёмҳои тиҷорати гузошта шудаанд ва ширкатҳои гуногун маблағи муайянро ба созмондиҳандагони сомонаи FreeRice пардохт мекунанд. FreeRice дар навбати худ маблағи ҷамъшударо ба ташкилотҳои башардӯстона интиқол медиҳад. Ин сомона ба ҳамкории Барномаи Озуқаи Ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир ба Ҳайитӣ кӯмак расонида истодааст. Дирӯз 56,311,420 дона биринҷ ҷамъ шудааст.

Leave a Comment more...

БАРНОМАИ СТИПЕНДИЯВИИ МАЪЛУМОТИ ҲУҚУҚӢ ВА РУШД (LEAD)

by ibrahimjon on Feb.07, 2010, under Learning News, Tajikistan, Эълонҳо

Барномаи Стипендиявии Маълумоти Ҳуқуқӣ ва Рушд (LEAD) барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба мутахассисони дорои маълумоти олии хукуки имконияти гирифтани унвони магистри илмҳои ҳуқуқиро дар ИМА пешниҳод менамояд.
Мақсади барнома иборат аст аз мустаҳкам намудани волоияти қонун дар Точикистон тавассути ба мутахассисони сохаи хуқуқ пешниҳод кардани имконият барои дарки нисбатан васеи системаҳои муқоисавии ҳуқуқӣ ва муҳокимаи қонунгузории Тоҷикистон ва ИМА.
LEAD барномаи Бюрои Давлатии ИМА оид ба мубориза бар зидди нашъаманди ва ҳимояи тартиботи ҳуқуқи аст ва аз тарафи АБА РОЛИ ва Айрекс амали гардонида мешавад. Ҳамаи иштирокчиён дар асоси озмуни шафоф интихоб карда мешаванд.
Хамаи иштирокчиёни барнома:
• Дар давоми як сол курси пурраи академикии Магистри Илмхои Ҳуқуқро (LL.M.) меомузанд;
• Дар ҷараёни барнома бо Ӯстодони АБА РОЛИ Ҳамкори менамоянд;
• Дар тули соли аввали академики дар лоиҳаҳои ихтиёри, ки ба дастгирии ҷомеаи махаллӣ равона карда шудаанд, иштирок мекунанд;.
• Баъди ба итмом расидани курси таълимӣ тачрибаи касбӣ меомузанд.
Барнома маблаггузории пурраро таъмин намуда, аз он ҷумла, пешкаш менамояд:
• Дастгирӣ барои гирифтани визаи Амрикои J‐1;
• Роҳкиро аз манзил то ба Донишгоҳи қабулкунандаи ИМА ва бозгашт ба манзил.;
• Стипендияи моҳона;
• Пардохти қисме аз арзиши суғуртаи тиббӣ;
• Пардохти арзиши тахсил дар ИМА
• Маблағ барои хариди китобҳои дарсӣ
• Пардохти иловагӣ барои курсҳои шиддатноки забони англисӣ пеш аз оғози барнома (агар зарурият бошад);
• Имкониятҳои васеъ дар ҷоддаи болоравии касбӣ барои хатмкунандагони барнома;

Рӯзи охири қабули ҳуҷҷатҳо: сешанбе, 23 феврал, с 17:00

Анкетаҳоро барои иштирок дар Барномаи стипендияи (LEAD) аз идораи Айрекс дарёфт ва баъди пур кардан ба ин ҷо бозгардонида метавонед. Барои талаботи пурраи квалификатсионӣ ва маҳаки интихоб ба дастурамал нигаред. Анкетаҳо, инчунин, дар сайти зерин дастрасанд: http://www.irex.org/programs/lead, IREX, Душанбе, Тоҷикистон 734002 Тел: (+992 37) 224‐58‐65/20, 224‐751, факс: (+992 37) 224‐65‐89, пэ: lead@irex.tj

Leave a Comment : more...

The Edmund S. Muskie Graduate Fellowship Program (Muskie)

by ibrahimjon on Oct.17, 2009, under Learning News, Tajikistan, Эълонҳо

Applications are currently being accepted for the 2010 cycle of the Edmund S. Muskie Graduate Fellowship Program.  Applications, including all supporting documents, are due by 5 PM Monday, November 2, 2009.

Complete application information, eligibility requirements, and materials can be found online: http://www.irex.org/programs/muskie/muskie_info.asp

Leave a Comment more...


TOEFL IBT – Internet Based Test

by ibrahimjon on Aug.03, 2008, under English, Languages, Tajikistan

Though not long ago I have taken TOEFL paper based test once again I tried to take TOEFL IBT (Internet based test). It is a test that measures your ability not only to write, read, speak and listen in English but also requires good vocabulary. The maximum IBT score is 120.

For those who wish to study in English speaking countries, here is a link where you can find out more about TOEFL test www.ets.org

Яке аз талаботҳои таҳсил дар макотиб ва донишнгоҳҳои хориҷӣ ин донистани забони англисӣ мебошад ва барои ин донишҷӯе, ки забони модариаш англисӣ нест бояд санҷиши TOEFL супорад. Дар Мактаби Байналхалқии Душанбе воқеъ дар кӯчаи Бофанда метавон маълумоти пурра дар бораи TOEFL дастрас кард ва ё ба супоридани он номнависӣ намуд.  Мактаби Байналхалқии Душанбе

Leave a Comment :, , , , more...

Celebrate Global Youth Service Day 2008

by ibrahimjon on Apr.19, 2008, under Environment, Learning News, Tajikistan, Uncategorized, Эълонҳо

Global Youth Service Day 2008

Save the Date! The 9th Annual GYSD will be held April 25-27, 2008

Global Youth Service Day is the largest annual celebration of young volunteers, where millions of young people in countries everywhere highlight and carry out thousands of community improvement projects. Go to www.gysd.net to find out more about GYSD.

Leave a Comment :, , , , , , more...

Hornby Trust Scholarship 2008/9

by ibrahimjon on Feb.10, 2008, under English, Languages, Learning News, Tajikistan, Эълонҳо

Hornby Trust Scholarship 2008/9

The British Council invites applications for the above scholarship.

The Hornby Trust Scholarship is provided by A.S.Hornby Educational Trust in the UK and is administered by the British Council in Uzbekistan.

The objective of the scholarship is to provide teachers of English with an opportunity to pursue a Masters degree in the United Kingdom relevant both to their own career development and to national priorities of the Republic of Tajikistan. Candidates must therefore be able to share their knowledge and expertise, which may be in areas such as Curriculum Development, Syllabus Design, Materials Development, Teacher Training or Testing, on return.

For the academic year 2008/9 one Hornby Trust Scholarship has been allocated to Tajikistan.

Applicants should have:

·         A Bachelor’s degree in English language, or equivalent, with an excellent academic record

·         At least 4 years English teaching experience

·         English proficiency to IELTS 6.5 level (selected candidates will be tested)

Please email a full CV together with completed application form to Jamila Nasridinova at the address below by 3 March 2008. Applications received after that date will not be considered.

Shortlisted candidates will be invited for interview in Dushanbe in mid-late March 2008. Final selection will be made by the Hornby Trust in April 2008.

11, Mirobod Street.

Tashkent 100031

Tel:      140 06 60

            140 06 61

Fax:     140 06 67

E-mail: jamila.nasridinova@britishcouncil.uz

1 Comment :, , , , , , , , , , more...

Дар ноумеди басо умед аст, Поёни шаби сияҳ сафед аст

by ibrahimjon on Oct.24, 2007, under Tajikistan, Uncategorized

Дар ноумеди басо умед аст
Поени шаби сиех сафед аст
(Низами Ганджави)

Есть надежда в отсутствии надежды,
Та же, как есть свет в конце самой черной ночи.
(Низами Ганджави)

Having a hope better of not having it
Like there is a light at the end of a dark night
(After dark night, there surely be a daylight)
(Nizami Ganjavi)

Leave a Comment more...

Барои олими Тоҷик Ҷоизаи Суқрот

by ibrahimjon on Oct.20, 2007, under E-tools, ICT in Education, Learning News, Tajikistan, e-Learning

Аз шунидани хабари Ҷоизаи Суқрот дар дасти олими Тоҷик , ки дар барои он Озодӣ хабар медиҳад, хеле хурсанд шудам, ки дар соҳаи фановарии техникӣ (технологияи информасионӣ) олими Тоҷик сазовор шудaaст.

“Донишманди тоҷик – Маҳмуд Боқиев, ректори Донишгоҳи муосири гуманитарии Тоҷикистону Русия дар Хуҷанд ҷоизаи байналмилали ба номи Суқрот дар бахши маорифро ба даст овард”

Дар ҳақиқат, усулҳои нави таълим бо истифодаи технологияи ҷидид барои кишварҳои  ба монанди Тоҷикистон, ки кӯҳсор аст, таълиму илмомӯзӣ барои муҳасилин бисёр қулай аст.

Худи тариқи Интернет, дарсҳои гуногун дар кишварҳои бурда мешавад, ки дар он донишҷӯён аз кишвари худ нарафта таҳсил мекунанд. Барои таҳсил дар курсҳои кӯтоҳ тариқи Интернет бисёр курсҳои такмили ихтисос, курсҳои кӯтоҳмудатти забонҳо ва дигар равияҳо тариқи системаҳои ба монанди Moodle, Atutor аз тарафи Донишгоҳо ва мактабҳо ташкил карда мешаванд.

Leave a Comment more...

Looking for something?

Use the form below to search the site:

Still not finding what you're looking for? Drop a comment on a post or contact us so we can take care of it!