Тоҷикӣ
Сохтани сомона шахсӣ ва ё таълимӣ барои мактаб
by ibrahimjon on Mar.01, 2010, under E-tools, ICT in Education, Open Source, Technology, e-Learning, Тоҷикӣ, Эълонҳо
Сохтани сомона шахсӣ ва ё таълимӣ барои мактаб
Барои сохтани сомонаи шахсӣ ва ё мактаб метавон аз нармафзорҳои гуногун истифода бурд. Байни дизайнерони сомонаҳо нармафзори Dreamweaver хеле машҳур аст. Ин нармафзор хеле гарон буда на барои ҳар мактаб ва ё шахс дастрас нест. Ба ғайр аз барномаҳои гарон, барномаҳои ройгон ба мисоли NVU ва Kompozer дастрас аст. Ин барномаҳоро метавон аз сомонаҳояшон ройгон дастрас кард. Барои сохтани саҳифаҳои интернетӣ дар ин барномаҳо забони HTML-ро донистан лозим, гарчанде ин барномаҳоро ба монанди барномаи Word метавонед бидуни мушикли истифода баред.
Дар ҳоли ҳозир бештар аз Системаҳои Идоракунии Мӯҳтаво Content Management System CMS ва ё Системаҳои Идоракунии Мӯҳтавои Таълимӣ Learning Content Management System истифода мебаранд. Ин системаҳоро ройгон метавонед аз сомонаҳои расмиашон, ки дар зер феҳрист шудаанд, дастрас кунед.
Системаҳои Идоракунии Мӯҳтаво
Joomla — системаи идоракунии мӯҳтаво барои сомонаҳо – www.joomla.org
Mambo — системаи идоракунии мӯҳтаво барои сомонаҳо – www.mamboserver.com
Drupal – системаи идоракунии мӯҳтавон барои сомонаҳо – www.drupal.org
Wordpress – системаи идоракунии мӯҳтаво барои торнигор/блогҳо www.wordpress.org / www.wordpress.com
Системаҳои Идоракунии Мӯҳтавои Таълимӣ
Moodle — системаи ройгон барои таълим. Бисёр донишгоҳҳои ҷаҳон аз ин система исифода мебаранд. Ин нармафзор тамоми абзорҳои таълимӣ ба монанди анҷуман — форум, махзани пайвандҳо ва китобҳо, баҳсхона, санҷишҳо ва системаи баҳогузориро дар бар мегирад. www.moodle.org
Atutor — системаи ройгони таълимӣ. Бисёр омӯзгорон дар кишварҳои ҷаҳон аз ин система барои омода кардани дарсҳо ва санҷишҳои худ истифода мебаранд. Дар ин нармафзор донишҷӯён ҳамроҳи устодони худ ин ё он мавзӯро баҳсу мунозира мекунанд. Корҳои курсии худро ба устодони худ мефиристанд. www.atutor.ca
Барои ба кор даровардани ин системаҳои бояд дар пойгоҳ (сервер) пойгоҳи додаҳои MySQL (база данных — database) бо пуштибонии забони PHP лозим аст.
Агар шахсе ин ё он барномаро надонад, метавонад дар шабаки ҷаҳонии Интернет сомона ё торнигори худро ройгон ба кор андозад. Барои ин ягон дониши барноманависӣ ва ё нармафзоре лозим нест. Танҳо дастраси ба Шабакаи Ҷаҳони Интернет лозим аст.
Narod.ru – ин сомона барои корбарони Интернет фазои бемаҳдудро пешкаш мекунад. Қадам ба қадам дар ин сомона сабти ном карда метавонед сомонаи шахсии худро созед.
Wordpress.com – ройгон торнигори худро дар сомона созед.
Blogger.com – ройгон торнигори худро дар ин сомона созед.
Кӯчонидани Наворҳо аз Интернет бо Real Player
by ibrahimjon on Feb.25, 2010, under E-tools, ICT in Education, e-Learning, Тоҷикӣ
Рӯз то рӯз дар шабаки ҷаҳонии Интернет бисёр сомонаҳо аз савту наворҳо бисёр истифода мебаранд. Бо осони истифодабарандагони Интернет наворҳои гуногунро аз YouTube метавонад ба сомонаҳои худ ҷой диҳанд. Дар баъзе аз сабаби суст будани суръати Интернет ё ба телефони мобилӣ кӯчонидани навор лозим мешавад, ки наворҳоро аз Интернет ба компютер кӯчонида баъд истифода барем. Албатта борҳо дар дарсҳо ман аз наворҳои таълимии Youtube истифода мебарам, аммо дар вақти дастрас набудани Интернет ба ман наворҳои лозим мешаванд ва маҷбурам онҳоро пешакӣ ба компютери худ қӯчонам.
Бисёр роҳҳои кӯчонидани наворҳо аз YouTube ва дигар сомонаҳо мавҷуд аст. Барои кӯчонидани боз якчанд нармафзорҳоро ҳам ройгон дастрас карда метавонад. Як роҳи осонӣ кӯчонидан навор аз Интернет ин бо ёрии Real Player мебошад.
Агар ба компютери худ нармафзори Real Player-ро насб кунед. Дар вақти кушодани мурургари Интернетии худ хоҳ Mozilla Firefox бошад ё Internet Explorer ё Opera наворҳои гуногуни Интернетро бо осони ба компютери худ метавонед кӯчонед. Барои ин пас аз насби Real Player мушакро ба болои навор гузошта, тугмаи ростро пахш кунед. Пас аз меню сатри “Download this video to Real Player”-ро интихоб кунед.
Роҳи дигари захира кардани навор бо Real Player: мушакро ба болои навор мебаред ва дар қисми болои навор як навиштае Download This Video пайдо мешавад. Download This Video-ро метавонед пахш кунед. Ба таври пешфарз Real Player наворҳоро ба пӯшаи (папкаи) Videos > RealPlayer Downloads (дар Windows 7 ва Vista) захира мекунад. Дар Windows XP бошад дар пӯшаи My Documents > My Videos > Real Player Downloads.
Илова бар ин Real Player наворҳои аз Интернет кӯчонидашударо ба дигар намудҳо аз Flash FLV формат ба AVI, MPEG, 3GP ва ғайраҳо тағйир дода метавонад.
Real Player боз ҳама гуна файлҳои чандрасонаиро боз мекунад ва онро метавонед мисли Windows Media Player истифода баред.
Роҳнамои зеринро тамошо кунед
Агар саволе доред, метавонед дар зер саволҳои худро нависед.
Як пешниҳоди дигар марбут ба саҳмияҳои “Роғун”
by ibrahimjon on Feb.24, 2010, under E-tools, Tajikistan, Technology, Тоҷикӣ
Дар Блогистони Радио Озодӣ як пешниҳодеро марбут ба саҳмияҳои НОБ-и Роғунро мутолиа намудам. Хеле пешниҳоди хуб аст ва қобили дастгирист.
“Ба пешниҳоди ман, бояд барои ҳар як бор пайвастшавӣ аз тариқи “зангхои баромад” аз муштариён ба миқдори як сенти иловагӣ пул пардохт шуда, он ба расмулҳисоби махсус интиқол ёбад ва ин маблағ ба саҳмия табдил шавад”, менависад ҷаноби Илҳом Ҳакимов.
Ман ҳам мехоҳам як пешниҳоди худро дар ин торнигори худ ҷой диҳам. Лутфан андешаҳои худро инҷо нависед.
Барои НОБ “Роғун” як сомонае созмон додан лозим ва дар он пайёмҳои тиҷоратӣ ва форми ҷустуҷӯии Google-ро ҷой додан мумкин. Ҳар нафаре, ки ба сомонаи Роғун медарояд ва тариқи он дар шабакаи Интернет ҷустуҷӯ мекунад ё пайёмҳои тиҷоратии Google-ро пахш мекунад метавонад бо ин кор ба Роғун маблағи муайян ба ҳисоби Роғун аз тарафи Google пардохт карда шавад. Ба ҳама истифодабарандагони Интернет маълум аст, ки Google яке аз сарватмандтарин ширкатҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва аз пайёмҳои тиҷорати даромади хеле бузургро ба даст меорад.
Як сомонае ҳаст бо номи freerice.com Биринҷи ройгон. Дар ин сомона санҷиши луғати забони инглисӣ сохта шудааст. Ҳар нафаре, ки аз санҷиш мегузарад ба вай донаҳои биринҷ дода мешавад. Ин донаҳои биринҷ ба кишварҳои ба кӯмаки башардӯстона ниёздошта фиристода мешаванд. Дар асл дар сомона пайёмҳои тиҷорати гузошта шудаанд ва ширкатҳои гуногун маблағи муайянро ба созмондиҳандагони сомонаи FreeRice пардохт мекунанд. FreeRice дар навбати худ маблағи ҷамъшударо ба ташкилотҳои башардӯстона интиқол медиҳад. Ин сомона ба ҳамкории Барномаи Озуқаи Ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир ба Ҳайитӣ кӯмак расонида истодааст. Дирӯз 56,311,420 дона биринҷ ҷамъ шудааст.
Блог дар Таълим
by ibrahimjon on Jan.30, 2010, under E-tools, ICT in Education, book reviews, e-Learning, Тоҷикӣ
Дар мақолаи қаблие, ки дар Блогистони Радиои Озодӣ нашр шуд навишта будам, ки торнигори худро барӯз хоҳам кард. Аз рӯи имкон ин торнигорро ҳаракат мекунам тез-тез дарбораи таҳсил ва ҳаёти худ дар Амрико мақолаҳо нависам.
Дирӯз аз сомонаи Амазон ду китоберо харидорӣ кардам ва онро байни ду рӯз ба ман тариқи почта фиристоданд. Аллакай ду-се боби ин китобҳоро мутолиа кардам. Ҳар ду китоб дар бораи истифодаи нармафзорҳо ва абзорҳои гуногуни интернетӣ дар таълим мебошанд
Blogs, Wikis, Podcasts, and Other Powerful Web Tools for Classrooms
Блогҳо, Викиҳо. Подкастҳо, ва дигар абзорҳои пурқуввати интернетӣ барои синфхонаҳо
Web 2.0: New Tools, New Schools
Веб 2.0: Абзорҳои Ҷадид, Макотиби Ҷадид.
Ин ду китобҳо пурра дар бораи чӣ тавр истифода бурдани абзорҳои интернетӣ дар мактаб ҳам аз тарафи хонандагон ва ҳам аз тарафи омӯзгорон мебошанд. Дар ин ду китоб бисёр
маълумот дар бораи таърихи рушди Интернет ва истифодаи он дар таълим тавсияҳо ва намунаҳои сомонаҳои таълимӣ оварда шудааст.
Блог чист?
Блог ё торнигор сомонаест, ки ба давраи дуюми шабакаи ҷаҳонии Интернетӣ муталиқ аст.
Давраи якуми Интернет ин давраест аз солҳои 1990 то солҳои 2000-01 мебошад. Дар ин давра сомонаҳо танҳо аз тарафи мутахассисон сомон дода мешуданд. Бештар сомонаҳоро барои дарёфти иттилоот истифода мебурданд. Албатта аз почтаи электронӣ ҳама метавонист аз солҳои аввали пайдоиши шабакаи Интернет истифода барад аммо ҳар корбарӣ интернет имкони боз кардани сомонаи худ ё мунташир кардани акс ё мақолаеро надошт. Барои сохтан ва ҷой додани сомонаҳо шахс бояд забони махсуси HTML ва барномаҳои махсусро аз худ мекард. Бисёр сомонаҳо дар вақташ барӯз карда намешуданд ва онҳоро сомонаҳои статикӣ меномиданд. Ин аст мухтасар дар бораи Веб 1.0
Дар давраи дуюми шабаки Интернет бо истилоҳ Веб 2.0 бошад аллакай барноманависон бисёр абзорҳо ва нармафзорҳоеро омода карданд, ки ба ҳар корбари Интернет имкон медиҳанд бо осонӣ дар Интернет маводҳои худро нашр намуда бо дигарон баҳсу мунозираҳо гузаронанд. Ҳамакнун барои ҷой додани ягон мақола ва ё акс донистани забони махсус лозим нест ва ҳар сомонаро метавон бо осонӣ дар як чанд дақиқа барӯз кард. Ҳама корро метавон дар мурургарони Internet Explorer ё Mozilla Firefox анҷом дод. Имрӯзҳо корбарониинтернет ба ҷойи истифодаи барномаҳои гарони ба монанди Microsoft Office аз Google Docs истифода мебаранд. Барномаи Office Word, ки ба корбарони компютер шинос аст насб карданро талаб мекунад, аммо Google Docs бошад дар мурургари Интернет ҳамаи корҳои Office Word-ро ройгон пешкаш менамояд. Давраи дуюм ё насли дуюми Интернет барои ҳамаи корбарони интернет имконияти васеъ истфода бурдан ва бо ҳам пайвастанро медиҳад. Сомонаҳои Wordpress, Blogger, Gooogle Docs, харитаҳо, Википедиа, шабакаҳои ҷамъиятии Facebook, Twitter, Мой Мир, You Tube, Flickr ва ғайрҳо ҳама муталиқ ба насли дуюми интернет мебошанд, ки корбарони онҳо бо осонӣ аксҳо, наворҳо, паёмҳо ва мақолаҳои худро бо ҳам мебинанд. Муассиаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, донишгоҳо, ширкатҳои тиҷоратӣ низ барномаҳо, хизматҳо ва молҳои худро тариқи блогҳо ва абзорҳои Интернетӣ ба омма пешкаш ва таблиғ карда назарсанҷиҳо мегузаронанд. Ин буд мухтасар дар бораи Веб 2.0
Блог ин сомонаест ба мононди рӯзномаи интернетӣ, ки ҳар рӯз метавон дар бораи ин ё он мавзӯъ матолиберо бо осонӣ нашр намуд. Блогҳо мавзӯҳои гуногун доранд ва ҳар як дақиқа бино ба яке аз китобҳои дар боло ёдоваршуда ду блог дар ҷаҳон кушод мешавад. Ҳазорҳо блогеррон дар ҳар сония дар бораи шуғли дӯстдоштаи худ, ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳои фикру андешаҳои худро дар блогҳои худ навишта бо ёру дӯстон баҳсу мунозираҳо мегузаронанд. Аз соли 2005 ин тараф омӯзгорон дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба мисоли Амрико низ ин абзори навро дар дарсҳои худ васеъ истифода мебаранд. Дарсҳои макотиби амрикоӣ лоиҳавӣ буда, ҳар як омӯзгор бо шогирдонаш ин ё он мавзӯъро мавриди баҳс қарор медиҳад. Ҳар хонанда ба рӯзномаи интернетии худ фикру ақидаҳои худро иброз мекунад. Омӯзгор саволҳои супориши хонагӣ ва пайвандҳои алоқамандро ба торнигораш ҷой медиҳад ва аз хонанагон талаб мекунад, ки ба саволҳои мавзӯъ дар як мӯҳлати муайян посух гӯянд. Хонандагон аз бисёр сарчашмаҳои интернетӣ истифода бурда фикру андешаҳои худро дар торнигори худ ва ё синф ҷой медиҳад. Волидайни хонандагон низ дар бораи дарсҳои мактабӣ тариқи интернет ва торнигори муаллимон дар бораи пешрафти фарзандонашон маълумот пайдо карда бархе аз онҳо дар баҳси хонандагон низ иштирок мекунанд. Аз рӯи гуфтаҳои яке аз омӯзгорон блогҳо барои рушди тафаккури интиқодӣ, муомила бо дигарон, забономӯзӣ ва хонишу навиштани иншо мусоидат мекунад. Инчунин бо истифодаи фанновариҳои нав насли наврас аз дастовардҳои илму фанновариҳо бохабар шуда бо донишу малака ва маҳорати асри 21 ошно мешаванд.
Дар навиштаҳои минбаъда бештар оиди абзорҳои гуногуни Интернет ва истифодаи онҳо таълимӣ дар торнигор хоҳам навишт. Агар саволу пешниҳодот ё ягон андешае дошта бошед, метавонед тариқи почтаи электронӣ ё бо гузоштани тавзеҳ дар зер бо ман дар алоқа бошед.
Хотираҳои тозаву озодаи тирамоҳ
by ibrahimjon on Jan.24, 2010, under Adventure, Environment, Тоҷикӣ
Дар блогистони Озодӣ навиштаи Салими Аюбзод — “Се гузинаи фарҳанги шаҳрдорӣ“-ро хондам ва ба ёд овардам, ки мехостам, дар ин бора тирамоҳи гузашта дар блогам бинависам.
Чи хеле, ки дар аксҳо мебинед илова ба таҳсил боз ба хазонҷамъкунӣ банд будам, хеле серкор будам ва блогам муддати тӯлонӣ хомӯш аст. Умедворам, ки битавонам дар рӯзҳои наздик онро барӯз намоям.
Дар хотир дорам, ки дар хиёбони Рудакӣ, дар назди истгоҳҳо қуттиҳои нави махсус барои зарфҳо ва қоғазҳо гузошта шуда буданд. Берун аз маркази шаҳр ба назар мерасад, ки пур аз партов аст.
Тирамоҳи гузашта дар вақти хазонрез дар Амрико дар маҳаллаи мо эълонҳо ҳамаҷо часпонида шуда буданд. Дар лавҳаи китобхонаи марказӣ низ як эълон “Bag It! – Онро халта кун!” часпонида шуд буд. Дар фасли хазонрезӣ ба ҳама сокинони маҳаллаи мо халтаҳои қоғазӣ меоранд ва ҳар кас бояд хазонро ҷамъ карда ба халта гузоштанаш лозим. Ҳавлии моро хазони тилоранг пӯшида буд ва санҷобҳо дар гирду атроф бозӣ мекарданд. Ҳамсояи ман як асбоби электрониашро гирифта ҳамаи хазонҳоро пуф кард ва ҳамроҳ ба халтаҳои қоғазӣ гузоштем.
Аз ҳамсоя пурсидам, ки чаро ин хазонҳоро мисли мо дар Тоҷикистон ғун карда намесӯзонад. Гуфт хазонсӯзонӣ қонунвайронкунӣ аст ва агар хазонро сӯзонад, аз ӯ ҷарима ситонида мешавад. Аз рӯи гуфтаҳои ҳамсоя хазонсӯзӣ як чанд сол пеш манъ шудааст. Сӯхтан аз як тараф ба табиат зарар меорад, инчунин боиси сӯхтор шуданаш мумкин аст. Баъд халтаҳои хазонро дар назди роҳ қатор кардем. Як мошини махсус омада халтаҳоро гирифта бурд. Пас аз чанд рӯз маълум шуд, ки ин хазонҳоро майда карда барои киштукор ҳамчун нируи минералӣ истифода мебаранд ва дар ҳолати лозимӣ ройгон ба мардум хазони майдаро дар халтаҳои қоғазӣ бармегардонад, то онҳо дар майдончаи назди ҳавлигии худ онро истифода баранд. Инҷо ҳама барои ҳиссагузорӣ ба паст кардани тағйири иқлим гирду атрофи хонаи худро бо чаманзор (газон) табдил медиҳанд.
Умуман ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе мошини махсус партовҳои моро аз назди ҳавли гирифта мебарад. Барои ҳар як хонавода қуттиҳои махсус дода шудааст, ки онро мошин бо таври автоматӣ боло бардошта холӣ мекунад. Илова ба ин куттии махсус боз як қуттии кабуд ҳам ҳаст ва ба он зарфҳои нолозим одатан алоҳида гузошта мешаванд. Ҳар як зарф ё куттии алюминӣ аз Кока-Кола ва обҳои газдор 5 сент аст ва ин як навъи даромад ба корхонаҳои коркарди дубора — Recycling мебошад. Хоҳишмандон метавонанд зарфҳо ва журналу рӯзномаҳоро ба марказҳои махсус барои гирифтани кортҳо бисупоранд. Кортҳоро барои харидани ягон мавод истифода бурдан мумкин аст.
Хуб мешуд, агар дар Тоҷикистон ҳам корхонае барои коркарди такрории коғаз, зарфҳои алюмин, шиша ва пластик ташкил карда мешуд ва аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта меомӯхтем. Ҳам фоида мешавад ва ҳам гирду атроф тозаву озода.
Тарҷумони Google ба забони форсӣ
by ibrahimjon on Sep.20, 2009, under E-tools, Languages, Technology, Uncategorized, Тоҷикӣ
Ҳамакнун аз ҳама пурқувваттарин ҷӯяндаи шабакаи ҷаҳонии Интернет, ки шумораи зиёди корбарон аз он ҳар рӯз истифода мебаранд ба забони форсӣ низ сӯҳбат мекунад.
Google Тарҷумон сомонаҳо ва матнҳоро аз забонҳои гуногун тарҷума мекунад. Аз имрӯз шумо метавонед навиштаҳои бо забони англисӣ дар ин сомона навишташударо ба забони форсӣ мутолиа кунед. Барои дар амал дидани тарҷумони форсии Google ва тарҷума кардани матнҳои ин торнамои ман ба форсӣ ин пайвандро пахш кунед.
Расман дар бораи ин хизмати ройгони тарҷумон, Google дар торнамояш хабаре моҳи июни соли ҷорӣ интишор карда буд. Тарҷумон хатогиҳо дорад, аммо дар торнамо гуфта мешавад, ки кормандони Google саъю кӯшиш карда истодаанд, то сифати тарҷума беҳтар шавад. Инчунин, корбарони Интернет фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳоди худро барои беҳтар кардани тарҷумаи матнҳо ба Google дар як вақт ирсол намоянд. Дар ҳол истифодабарандагони ин тарҷумон метавонанд бо осонӣ аз беш аз 40 забонҳои дунё ба форсӣ матнҳоро тарҷума кунанд. Аз забони форсӣ низ метавонед ба беш аз 40 забонҳои гуногун матнҳо ва сомонаҳоро тарҷума намоед.
Шояд ба наздики Google забони тоҷики ҳуруфи кирилликро низ ба рӯихати забонҳои пуштибонишуда илова намояд. Худи ҷӯяндаи Google ба забони тоҷикӣ аллакай тарҷума шуда истодааст. Бо пахш кардани ин пайванд ҷӯянди Google-ро бо забони тоҷикӣ дар мурургари худ боз кунед.
Ду Дарси Аввалин – Китоб ва Нармафзор
by ibrahimjon on Sep.15, 2009, under Adventure, E-tools, Open Source, Technology, Тоҷикӣ
Рӯзи гузашта бегоҳӣ ду дарс доштам:Истифодаи Компютер дар Таълим (The Computer as an Instructional Tool) ва Пажӯҳиш ва Омор дар Маориф (Статистика) Ин бори аввал аст, ки ман ба ин ду дарс меоям. Аз сабаби иди Меҳнат рӯзи 7 сентябр Душанбе ин ду дарс нашуд ва ман мунтазири рӯзи 14 будам.
Устодон аз соати 7 бегоҳ то соати 10:00 дарс мегӯянд. Барои дарси аввал ягон китобе лозим нест, ҳамаи адабиёти тариқи Интернет ва почтаи электрони ба донишҷӯён дастрас аст. Ҳама дар дарси аввал худро шинос намуд. Дар ин дарс, ман яке аз ду хориҷиён будем. Ба ғайр аз ман, як духтари чиноӣ дар ин риштаи Фанновариҳо дар Таълим таҳсил мекунад. Дигарон бошанд, ҳама амрикоиҳо мебошанд. Омӯзгорони мактаб низ дар ин дарс иштирок мекунанд. Рӯзона дар мактабҳои оммавӣ дарс мегӯянд. Ба ман маълум шуд, ки на ҳамаи донишҷӯён аз компютер бисёр истифода мебаранд, аммо асоси компютер ва Интернетро (навиштани почтаи электронӣ, чидани ҳуруф ва чоп матнҳо ва ғайра)медонанд ва мехоҳанд, ки аз нармафзорҳои гуногуни таълимӣ истифода баранд. Баъзе донишҷӯён хоҳиши навиштани кори илмӣ оиди истифода бурдани фанновариҳои таълимиро доранд.
Дарси дуввум бошад, дар бораи ҳисобу китоби оморӣ дар таълим, умуман дар маориф аст. Чун ҳафтае як дарси Омор дорам, омӯзгор супориши хонагӣ ва қадам ба қадам истифодаи нармафзорро барои донишҷӯён тайёр кардааст. Барои ман калимот ва вожаҳои оморӣ каме душвор буд ва устод саъю кӯшиш кард, ки соддатар барои ман ин дарсро бифаҳмонад. Барои ин, ман як китоби дарсиро ҳамроҳи як нармафзоре харидорӣ намудам. Ин китоб Using SPSS for Windows and Macintosh: Analyzing and Understanding Data мебошад. Китоб бо як нармафзораш(барнома дар CD) 130 доллар аст.
Дар Точикистон ба ин нарх барномаҳои шикастаро ғайриқонуни харидан мумкин аст. Дар Амрико харидори ва ё ба фуруш гузоштани нармафзорҳои шикаста ғайриқонунист ва ҳар як барномаҳое инҷо дар мағозаҳои компютери мефуршанд, ки нархашон аз ҳазор доллари амрикои баланд аст. Барои мисол ҳамон барномаи машҳури Фотошоп барои донишҷӯён на кам аз шаш сад доллар аст. Дар Точикистон бошад, ин барномаро ғ ғайриқонуни метавон дар мағозаҳо ба 15-20 сомони дастрас кард.
Байни амрикоиҳо ҳастанд донишҷӯёне, ки қудрати харидории ин барномаҳои компютерии хеле гаронро надорад ва дар синфхонаҳои донишгоҳ аз онҳо истифода мебаранд. Донишгоҳ бархе аз нармафзорҳоро бо маблаги хеле калон ба китобхона ва синфхонахои худ харидорӣ менамояд. Барои компютери ман аз тарафи донишгоҳ як нармафзори антивирусро ройгон доданд, ки компютреи дастиам аз ҳар гуна вирусҳо тоза бошад. Дар ин Донишгоҳ барномаи анти-вирус барои ҳамаи донишҷӯён ройгон аст. Ин намуд барнома берун аз донишгоҳ шояд на кам аз 100 доллари амрикоӣ бошад.
Дар бораи нармафзорҳо ва таҳсил ба қадри имкон бештар хоҳам навишт. Шумо метавонед саволу пешниҳодоти худро дар зер ва ё тариқи саҳифаи тамос нависед.


