Ibrahim's Blog

Meeting the author of From Tajikistan to the Moon

by ibrahimjon on Aug.24, 2010, under book reviews, friends

Robert Frimtzis and Me

Robert Frimtzis, an author of “From Tajikistan to the Moon – A Story of Tragedy, Survival and Triumph of the Human Spirit” and me, August 24, 2010, California, USA

Leave a Comment : more...

Нақлиёт ва зардолуи иёлати Калифорниа

by ibrahimjon on Jun.03, 2010, under Тоҷикӣ

Los Angeles Rapid Metro Bus

Los Angeles Rapid Metro Bus - Wikimedia Commons

Инак ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳри Лос Анҷелеси ИМА таҷрибаомӯзиро давом дода истодаам ва бо ҳаёти амрикоиҳо аз назди шинос шуда истодаам. Дар ҳақиқат, мардуми амрико хеле одамони серкор ва ҳар фард дар ин кишвар ба назар мерасад, ки бо ин ё он коре худро банд карда аз паи ризку руз аст.

Ҳамроҳи дӯстам, ки аз Тоҷикистон аст дар яке аз маҳаллаи Лос Анҷелес хонаеро пайдо кардем, ба ҷои кори мо, яъне таҷрибаомӯзи наздик аст. Умуман, нақлиёт дар шаҳри Лос Анҷелес назар ба дигар шаҳрҳои амрико дастрастар аст. Амрикоиҳо бештар автомобили худро меронанд ва дар бисёр шаҳрҳо нақлиёти оммавӣ ба чашм камтар мерасад. Аммо дар Лос Анҷелес бошад, нақлиёти оммавӣ бисёр ва дастрас аст. Шояд ин аз сабаби яке аз сераҳолитарин шаҳрҳои амрико будани Лос Анҷелес бошад.  Ҳар кӯча ва хиёбони шаҳр ҳадди ақал ду намуд нақлиёти оммавӣ дорад, ки яке тезтар роҳ мегардад ва на дар ҳама истгоҳҳо меистад ва бо номи Rapid Metro машҳур аст.  Ба акс нигаред. Дигар намуди нақлиёт ки дар пас ё пеши Rapid Metro меравад дар ҳама истгоҳ истода мусофиронро қабул мекунанд. Он мусофироне, ки дар шитобанд метавонанд аз Rapid Metro истифода баранд чун на дар ҳар истгоҳ ин намуди нақлиёт меистад ва дар як муддати кӯтоҳ мусофиронро аз як тарафи шаҳри бузург ба дигар тарафи он мерасонад. Пардохти нақлиёт бо кортҳо буда барои донишҷӯён 30 доллар дар як моҳ мебошад ва ба пиронсолон  хеле арзон аст.  Дигарон метавонанд ба 17 доллар корти як ҳафтаинаро харида онро метавонанд тамоми ҳафта бидуни маҳдудият истифода баранд.  Ҳар як барандаи корт метавонанд мӯҳлати эътибори кортро дар марказҳо ва истгоҳҳо дарозтар намуда бидуни маҳдудият метавонад истифода барад.

Ҳар автобуси шаҳр бо паёмҳои тиҷоратӣ оро дода шудаанд. Чи мешуд агар ширкатҳои маҳаллӣ низ дар Тоҷикистон шаҳрҳо ва ноҳияҳоро бо нақлиёти дастрас таъмин намуда паёмҳои тиҷоратии худро тарғиб намоянд ва дар як вақт мусофиронро аз як минтақа ба минтақаи дигар бубаранд? Шояд тарғиби паёмҳои тиҷорати тавассути оинаи нилгун ва лавҳаҳо назар ба нақлиёт гаронтар бошад.

Дар шаҳри Ҳартфорд автобусҳои маркази шаҳр ройгон барои тарғиби паёмҳои тиҷоратӣ барои мусофирон хизмат мекунанд.

Зардолуи Калифорниа

Зардолуи хушк дар Калифорниа

Ногуфта намонад, ки ҳар як нақлиёти оммавӣ бо сӯзишвории тозаи экологӣ ё барқ кор мекунад.

Ҳамроҳи дӯстам дар вақти баргаштан аз соҳили уқёнуси Ором дар Санта Моника ба бозоре ворид шудем, ки ончо хориҷиён аз тамоми ҷаҳон хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрданд.  Баъд аз сайру гашт ба як дӯконе расидам, ки онҷо меваҳои хушк барои фурӯш гузошта шуда буданд ва чашмам ба зардолуи хушк афтод.  Як фунт зардолуи хушки дорукарда шуда 23 доллар аст.  2.2 фунт баробар ба 1 килограм аст ва ин бар меояд, ки як килограм зардолуи хушк беш аз 55 доллари амрикоист.  Нигаред ба акс.

2 Comments :, , more...

Таҷрибаомӯзӣ дар ғарби Амрико

by ibrahimjon on May.14, 2010, under ICT in Education, Tajikistan, Technology, Тоҷикӣ

Лос Анҷелес - акс аз анбори Викимедиа

Лос Анҷелес

Як соли таҳсил ба хотима расид. Пагоҳ ба шаҳри фариштагон, ба шаҳри Лос Анҷелес меравам.  Тавассути Ню Йорк ба Лос Анҷелес меравам аз шарқ ба ғарбӣ Амрико. Дар ғарбӣ Амрико соли 2007 бори аввал ба шаҳри Сиэтл рафта будам. Бори аввал ба Лос Анҷелес рафта истодаам ва ин шаҳри фариштаҳоро дар клипҳои сурудхони машҳури эронӣ Анди Мададиён дида будам. Аз рӯи маълумоти Википедиа, Лос Анҷелес дуюмин шаҳри бузургтарин ва сераҳолитарини Амрико ва аз ҳама бузургтарин шаҳр дар иёлати Калифорния ба ҳисоб меравад. Ин шаҳри маркази тичорати ва фарҳанги буда дар тамоми чаҳон бо Ҳолливуд, маркази филмбардории Амрико машҳур аст.  Фармондор ё губернатори иёлати Калифорния низ яке аз ситораҳои Ҳолливуд мебошад ва дар тамоми ҷаҳон бо филмҳои Терминатор ва дигарон машҳур аст. Бале, фармондори иёлати Калифорния Арнолд Швартсенегр аст.

Мисли ман, панҷ нафар дӯстонам аз Тоҷикистон ва аз дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҳам дар ташкилотҳои гуногун дар давоми тобистон ба таҷрибаомӯзӣ машғул мешаванд. Ман ҳам дар яке аз ташкилотҳои амрикоӣ барои худ як вазифаи тарҷрибаомӯзро дарёфт кардам, ки он ба риштаи таҳсили ман “фанновариҳои муосир дар таълим” мебошад. Бархе аз дӯстонам дар Бонки Ҷаҳонӣ, СММ, дар ташкилотҳои маҳалливу давлатӣ тарҷрибаомӯзӣ хоҳанд кард. Умуман ҳар донишҷӯ дар донишгоҳҳои Амрико бояд давоми се ё ду моҳи тобистон ба таҷрибаомӯзӣ машғул шавад. Илова бар ин ҳар як донишҷӯ, инчунин толибилмони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар як сол бояд аз 20 то 40 соат барои маҳаллӣ худ хизмат кунанд. Фикр мекунам ҳама барои сабт кардани таҷрибаомӯзии худ дар таърихчаи зиндагиномаашон ва ё резюме ҳаракат мекунанд. Таҷрибаомӯзӣ ва хизмат ба маҳалла имкони шиносоӣ бо мутахассисони соҳаи худ ва кор бо онҳо барои ҷавонон медиҳад. Пас аз анҷоми таҷрибаомӯзи ҷавонон тавсияномаҳо мегиранд, ки дар ояндаи наздик барои дарёфти кор кӯмак мерасонанд.

Имрӯз дар сомонаи Радиои Озодӣ мақолаеро бо унвони Як ҳафтаи ҷавонон дар макомоти Суғд хондам.

Барои чи як ҳафта? Дари мақомоти давлат ҳамеша бояд ба ҷавонон ва донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ кушода бошад. Тамоми соли дар Амрико ҳама департаментҳои давлатӣ, инчунин Кохи Сафед барои таҷрибаомӯзон аз донишгоҳҳои кишвар кушода аст. Ба ғайр аз ин бисёр донишҷӯён дар Созмони Миллал ва ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ низ ба тарҷрибаомӯзӣ машғул мешаванд.

Агар “сиёсатмадорони калонсол” солҳои тӯлонӣ дар курси нишаста, ояндаро дар дасти ҷавонон на дар рӯи қоғаз, балки дар амал бинанд он вақт кишвар дар бисёр равияҳои муосир (иқтисодиёт, идоракунӣ, фанновариҳо ҷадид ва ғайраҳо) пеш хоҳад рафт.

2 Comments :, , , more...

Анҷумани Викиманиа 2010 дар Лаҳистон

by ibrahimjon on Mar.31, 2010, under Uncategorized

* Бурсҳо барои Викиманиа 2010 ҳамакнун бозанд.
* Ҳамакнун иштирок намоед!
* Фарохони барои ҳузур дар Викиманиа 2010 оғоз шудааст.
* Корҳои худро пеш аз 15-уми апрел ирсол намоед.

http://wikimania2010.wikimedia.org/wiki/Scholarships

* Scholarship applications for Wikimania 2010 are now open.
* Apply now!
* The Call for Participation for Wikimania 2010 has been released.
* Submit your presentations before April 15.
* Registration for Wikimania 2010 is now open.
* Learn more.

http://wikimania2010.wikimedia.org/wiki/Scholarships

* Сабти ном барои ширкат дар Викиманиа 2010 оғоз шудааст.
* Иттилооти бештар.

Leave a Comment :, , , more...

Стипендиальная програма Wikimania 2010 в Польше

by ibrahimjon on Mar.30, 2010, under E-tools, ICT in Education, Languages, Open Source, Technology, e-Learning, Тоҷикӣ, Эълонҳо

Викимания 2010 , 6-я ежегодная международная конференция, проводится 9-11 июля 2010 года. Место проведения Польская Балтийская филармония имени Ф. Шопена в Гданьске , Польша . Фонд Викимедиа предлагает ограниченное количество стипендий для предоставления выбранным лицам финансовых средств для покрытия транспортных расходов, расходов связанных с проживанием и регистрацией.

Цель программы

Сделать Викиманию 2010 успешной и продуктивной международной конференцией.

Поощрение участия с целью продвижения проекта Викимедиа.

Получить информацию о форме подачи завки на получение стипендии

Последний срок подачи заявок 11 апреля 2010 года, время 23:59:59 UTC, позднее этого срока заявки приниматься не будут.

Leave a Comment more...

Сохтани сомона шахсӣ ва ё таълимӣ барои мактаб

by ibrahimjon on Mar.01, 2010, under E-tools, ICT in Education, Open Source, Technology, e-Learning, Тоҷикӣ, Эълонҳо

Сохтани сомона шахсӣ ва ё таълимӣ барои мактаб

Барои сохтани сомонаи шахсӣ ва ё мактаб метавон аз нармафзорҳои гуногун истифода бурд. Байни дизайнерони сомонаҳо нармафзори Dreamweaver хеле машҳур аст. Ин нармафзор хеле гарон буда на барои ҳар мактаб ва ё шахс дастрас нест. Ба ғайр аз барномаҳои гарон, барномаҳои ройгон ба мисоли NVU ва Kompozer дастрас аст. Ин барномаҳоро метавон аз сомонаҳояшон ройгон дастрас кард. Барои сохтани саҳифаҳои интернетӣ дар ин барномаҳо забони HTML-ро донистан лозим, гарчанде ин барномаҳоро ба монанди барномаи Word метавонед бидуни мушикли истифода баред.

Дар ҳоли ҳозир бештар аз Системаҳои Идоракунии Мӯҳтаво Content Management System CMS ва ё Системаҳои Идоракунии Мӯҳтавои Таълимӣ Learning Content Management System истифода мебаранд. Ин системаҳоро ройгон метавонед аз сомонаҳои расмиашон, ки дар зер феҳрист шудаанд, дастрас кунед.

Системаҳои Идоракунии Мӯҳтаво

Joomla — системаи идоракунии мӯҳтаво барои сомонаҳо – www.joomla.org

Mambo — системаи идоракунии мӯҳтаво барои сомонаҳо – www.mamboserver.com

Drupal – системаи идоракунии мӯҳтавон барои сомонаҳо – www.drupal.org

WordPress – системаи идоракунии мӯҳтаво барои торнигор/блогҳо www.wordpress.org / www.wordpress.com

Системаҳои Идоракунии Мӯҳтавои Таълимӣ

Moodle — системаи ройгон барои таълим. Бисёр донишгоҳҳои ҷаҳон аз ин система исифода мебаранд. Ин нармафзор тамоми абзорҳои таълимӣ ба монанди анҷуман — форум, махзани пайвандҳо ва китобҳо, баҳсхона, санҷишҳо ва системаи баҳогузориро дар бар мегирад. www.moodle.org

Atutor — системаи ройгони таълимӣ. Бисёр омӯзгорон дар кишварҳои ҷаҳон аз ин система барои омода кардани дарсҳо ва санҷишҳои худ истифода мебаранд. Дар ин нармафзор донишҷӯён ҳамроҳи устодони худ ин ё он мавзӯро баҳсу мунозира мекунанд. Корҳои курсии худро ба устодони худ мефиристанд. www.atutor.ca

Барои ба кор даровардани ин системаҳои бояд дар пойгоҳ (сервер) пойгоҳи додаҳои MySQL (база данных — database) бо пуштибонии забони PHP лозим аст.

Агар шахсе ин ё он барномаро надонад, метавонад дар шабаки ҷаҳонии Интернет сомона ё торнигори худро ройгон ба кор андозад. Барои ин ягон дониши барноманависӣ ва ё нармафзоре лозим нест. Танҳо дастраси ба Шабакаи Ҷаҳони Интернет лозим аст.

Narod.ru – ин сомона барои корбарони Интернет фазои бемаҳдудро пешкаш мекунад. Қадам ба қадам дар ин сомона сабти ном карда метавонед сомонаи шахсии худро созед.

WordPress.com – ройгон торнигори худро дар сомона созед.

Blogger.com – ройгон торнигори худро дар ин сомона созед.

Leave a Comment more...

Кӯчонидани Наворҳо аз Интернет бо Real Player

by ibrahimjon on Feb.25, 2010, under E-tools, ICT in Education, e-Learning, Тоҷикӣ

Рӯз то рӯз дар шабаки ҷаҳонии Интернет бисёр сомонаҳо аз савту наворҳо бисёр истифода мебаранд. Бо осони истифодабарандагони Интернет наворҳои гуногунро аз YouTube метавонад ба сомонаҳои худ ҷой диҳанд. Дар баъзе аз сабаби суст будани суръати Интернет ё ба телефони мобилӣ кӯчонидани навор лозим мешавад, ки наворҳоро аз Интернет ба компютер кӯчонида баъд истифода барем. Албатта борҳо дар дарсҳо ман аз наворҳои таълимии Youtube истифода мебарам, аммо дар вақти дастрас набудани Интернет ба ман наворҳои лозим мешаванд ва маҷбурам онҳоро пешакӣ ба компютери худ қӯчонам.

Бисёр роҳҳои кӯчонидани наворҳо аз YouTube ва дигар сомонаҳо мавҷуд аст. Барои кӯчонидани боз якчанд нармафзорҳоро ҳам ройгон дастрас карда метавонад. Як роҳи осонӣ кӯчонидан навор аз Интернет ин бо ёрии Real Player мебошад.

Агар ба компютери худ нармафзори Real Player-ро насб кунед. Дар вақти кушодани мурургари Интернетии худ хоҳ Mozilla Firefox бошад ё Internet Explorer ё Opera наворҳои гуногуни Интернетро бо осони ба компютери худ метавонед кӯчонед. Барои ин пас аз насби Real Player мушакро ба болои навор гузошта, тугмаи ростро пахш кунед. Пас аз меню сатри “Download this video to Real Player”-ро интихоб кунед.

Роҳи дигари захира кардани навор бо Real Player: мушакро ба болои навор мебаред ва дар қисми болои навор як навиштае Download This Video пайдо мешавад. Download This Video-ро метавонед пахш кунед. Ба таври пешфарз Real Player наворҳоро ба пӯшаи (папкаи) Videos > RealPlayer Downloads (дар Windows 7 ва Vista) захира мекунад. Дар Windows XP бошад дар пӯшаи My Documents > My Videos > Real Player Downloads.

Илова бар ин Real Player наворҳои аз Интернет кӯчонидашударо ба дигар намудҳо аз Flash FLV формат ба AVI, MPEG, 3GP ва ғайраҳо тағйир дода метавонад.

Real Player боз ҳама гуна файлҳои чандрасонаиро боз мекунад ва онро метавонед мисли Windows Media Player истифода баред.

Роҳнамои зеринро тамошо кунед

Агар саволе доред, метавонед дар зер саволҳои худро нависед.

<object width=”560″ height=”340″><param name=”movie” value=”http://www.youtube-nocookie.com/v/nhIhYLH2RV8&hl=en_US&fs=1&rel=0″></param><param name=”allowFullScreen” value=”true”></param><param name=”allowscriptaccess” value=”always”></param><embed src=”http://www.youtube-nocookie.com/v/nhIhYLH2RV8&hl=en_US&fs=1&rel=0″ type=”application/x-shockwave-flash” allowscriptaccess=”always” allowfullscreen=”true” width=”560″ height=”340″></embed></object>
Leave a Comment more...

Як пешниҳоди дигар марбут ба саҳмияҳои “Роғун”

by ibrahimjon on Feb.24, 2010, under E-tools, Tajikistan, Technology, Тоҷикӣ

Дар Блогистони Радио Озодӣ як пешниҳодеро марбут ба саҳмияҳои НОБ-и Роғунро мутолиа намудам. Хеле пешниҳоди хуб аст ва қобили дастгирист.

“Ба пешниҳоди ман, бояд барои ҳар як бор пайвастшавӣ аз тариқи “зангхои баромад” аз муштариён ба миқдори як сенти иловагӣ пул пардохт шуда, он ба расмулҳисоби махсус интиқол ёбад ва ин маблағ ба саҳмия табдил шавад”, менависад ҷаноби Илҳом Ҳакимов.

Ман ҳам мехоҳам як пешниҳоди худро дар ин торнигори худ ҷой диҳам. Лутфан андешаҳои худро инҷо нависед.

Барои НОБ “Роғун” як сомонае созмон додан лозим ва дар он пайёмҳои тиҷоратӣ  ва форми ҷустуҷӯии Google-ро ҷой додан мумкин. Ҳар нафаре, ки ба сомонаи Роғун медарояд ва тариқи он дар шабакаи Интернет ҷустуҷӯ мекунад ё пайёмҳои тиҷоратии Google-ро пахш мекунад метавонад бо ин кор ба Роғун маблағи муайян ба ҳисоби Роғун аз тарафи Google пардохт карда шавад. Ба ҳама истифодабарандагони Интернет маълум аст, ки Google яке аз сарватмандтарин ширкатҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва аз пайёмҳои тиҷорати даромади хеле бузургро ба даст меорад.

Як сомонае ҳаст бо номи freerice.com Биринҷи ройгон. Дар ин сомона санҷиши луғати забони инглисӣ сохта шудааст. Ҳар нафаре, ки аз санҷиш мегузарад ба вай донаҳои биринҷ дода мешавад. Ин донаҳои биринҷ ба кишварҳои ба кӯмаки башардӯстона ниёздошта фиристода мешаванд. Дар асл дар сомона пайёмҳои тиҷорати гузошта шудаанд ва ширкатҳои гуногун маблағи муайянро ба созмондиҳандагони сомонаи FreeRice пардохт мекунанд. FreeRice дар навбати худ маблағи ҷамъшударо ба ташкилотҳои башардӯстона интиқол медиҳад. Ин сомона ба ҳамкории Барномаи Озуқаи Ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир ба Ҳайитӣ кӯмак расонида истодааст. Дирӯз 56,311,420 дона биринҷ ҷамъ шудааст.

Leave a Comment more...

БАРНОМАИ СТИПЕНДИЯВИИ МАЪЛУМОТИ ҲУҚУҚӢ ВА РУШД (LEAD)

by ibrahimjon on Feb.07, 2010, under Learning News, Tajikistan, Эълонҳо

Барномаи Стипендиявии Маълумоти Ҳуқуқӣ ва Рушд (LEAD) барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба мутахассисони дорои маълумоти олии хукуки имконияти гирифтани унвони магистри илмҳои ҳуқуқиро дар ИМА пешниҳод менамояд.
Мақсади барнома иборат аст аз мустаҳкам намудани волоияти қонун дар Точикистон тавассути ба мутахассисони сохаи хуқуқ пешниҳод кардани имконият барои дарки нисбатан васеи системаҳои муқоисавии ҳуқуқӣ ва муҳокимаи қонунгузории Тоҷикистон ва ИМА.
LEAD барномаи Бюрои Давлатии ИМА оид ба мубориза бар зидди нашъаманди ва ҳимояи тартиботи ҳуқуқи аст ва аз тарафи АБА РОЛИ ва Айрекс амали гардонида мешавад. Ҳамаи иштирокчиён дар асоси озмуни шафоф интихоб карда мешаванд.
Хамаи иштирокчиёни барнома:
• Дар давоми як сол курси пурраи академикии Магистри Илмхои Ҳуқуқро (LL.M.) меомузанд;
• Дар ҷараёни барнома бо Ӯстодони АБА РОЛИ Ҳамкори менамоянд;
• Дар тули соли аввали академики дар лоиҳаҳои ихтиёри, ки ба дастгирии ҷомеаи махаллӣ равона карда шудаанд, иштирок мекунанд;.
• Баъди ба итмом расидани курси таълимӣ тачрибаи касбӣ меомузанд.
Барнома маблаггузории пурраро таъмин намуда, аз он ҷумла, пешкаш менамояд:
• Дастгирӣ барои гирифтани визаи Амрикои J‐1;
• Роҳкиро аз манзил то ба Донишгоҳи қабулкунандаи ИМА ва бозгашт ба манзил.;
• Стипендияи моҳона;
• Пардохти қисме аз арзиши суғуртаи тиббӣ;
• Пардохти арзиши тахсил дар ИМА
• Маблағ барои хариди китобҳои дарсӣ
• Пардохти иловагӣ барои курсҳои шиддатноки забони англисӣ пеш аз оғози барнома (агар зарурият бошад);
• Имкониятҳои васеъ дар ҷоддаи болоравии касбӣ барои хатмкунандагони барнома;

Рӯзи охири қабули ҳуҷҷатҳо: сешанбе, 23 феврал, с 17:00

Анкетаҳоро барои иштирок дар Барномаи стипендияи (LEAD) аз идораи Айрекс дарёфт ва баъди пур кардан ба ин ҷо бозгардонида метавонед. Барои талаботи пурраи квалификатсионӣ ва маҳаки интихоб ба дастурамал нигаред. Анкетаҳо, инчунин, дар сайти зерин дастрасанд: http://www.irex.org/programs/lead, IREX, Душанбе, Тоҷикистон 734002 Тел: (+992 37) 224‐58‐65/20, 224‐751, факс: (+992 37) 224‐65‐89, пэ: lead@irex.tj

Leave a Comment : more...

Legal Education and Development (LEAD) Fellowship Program

by ibrahimjon on Feb.07, 2010, under Learning News, Эълонҳо

The international non-profit organization International Research and Exchange Board (IREX) invites applicants to participate in Legal Education and Development (LEAD) Fellowship Program.

The LEAD Program is a program of the Bureau of International Narcotics and Law Enforcement Affairs (INL) of the U.S. Department of State and is implemented by ABA ROLI and IREX. This unique program provides master’s level study of law (LL.M) in the United States for current resident citizens of Tajikistan.

The purpose of the program is to strengthen rule of law culture in Tajikistan by providing exceptional legal professionals with a broader understanding of comparative systems of law and increased opportunities to discuss Tajik and US law.

Further details on the eligibility and applications for Legal Education and Development (LEAD) Fellowship Program can be obtained and submitted by contacting IREX office in Dushanbe.

IREX Tajikistan, 40 Pushkin St., Dushanbe, tel: 224-5820, 224-5865, e-mail: lead@irex.tj

Application can be downloaded from http://www.irex.org/programs/lead or  http://irex.tj/eng/lead.php

Leave a Comment : more...

Looking for something?

Use the form below to search the site:

Still not finding what you're looking for? Drop a comment on a post or contact us so we can take care of it!