Дуюм конфронси хатмкунандагони барномаҳои давлатии ИМА

Бо ташабуси хатмкунандагони барномаи таҳсил ва мубодила ва бо дастгирии Сафорати Амрико дар Душанбе дуюм конфронси ду рузаи хатмкунандагони барномаҳои гуногуни таълимӣ, таҷрибаомӯзӣ ва мубодилаи ҳукумати Амрико дар Маркази Исмоилия дар Душанбе оғоз гардид.

Байни даҳҳо иштирокчиён аз манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ, дар ин конфронс устод Аюбҷон Юсуфов ҳузур доштанд. Аввали моҳи ноябри соли ҷорӣ, ин донишманди тоҷикро Вазорати умури хориҷии ИМА “донишомӯзи моҳ” эълон кард. Дар гузашта борҳо дар бораи устод Юсуфов шунида будам ва имрӯз бароям имкони хубе буд бо ин донишманди тоҷик аз наздик шинос шавам.

Иштирокчиёни ин конфронс мавзӯҳои гуногуни марбут ба таълиму тарбия, таълим ва касбомӯзии ҷавонон ва калонсолон ва роҳҳои ёри расонидан ба ниёзмандон ва бекоронро ба миён гузоштанд. Бо кору фаъолияти бисёр хатмкунандагони барномаҳои давлати ҳукумати Амрико шинос шудам.

This entry was posted in Uncategorized. Bookmark the permalink.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

*

You may use these HTML tags and attributes: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>