Los Angeles Rapid Metro Bus - Wikimedia Commons
Инак ҳафтаи дуюм аст, ки дар шаҳри Лос Анҷелеси ИМА таҷрибаомӯзиро давом дода истодаам ва бо ҳаёти амрикоиҳо аз назди шинос шуда истодаам. Дар ҳақиқат, мардуми амрико хеле одамони серкор ва ҳар фард дар ин кишвар ба назар мерасад, ки бо ин ё он коре худро банд карда аз паи ризку руз аст.
Ҳамроҳи дӯстам, ки аз Тоҷикистон аст дар яке аз маҳаллаи Лос Анҷелес хонаеро пайдо кардем, ба ҷои кори мо, яъне таҷрибаомӯзи наздик аст. Умуман, нақлиёт дар шаҳри Лос Анҷелес назар ба дигар шаҳрҳои амрико дастрастар аст. Амрикоиҳо бештар автомобили худро меронанд ва дар бисёр шаҳрҳо нақлиёти оммавӣ ба чашм камтар мерасад. Аммо дар Лос Анҷелес бошад, нақлиёти оммавӣ бисёр ва дастрас аст. Шояд ин аз сабаби яке аз сераҳолитарин шаҳрҳои амрико будани Лос Анҷелес бошад. Ҳар кӯча ва хиёбони шаҳр ҳадди ақал ду намуд нақлиёти оммавӣ дорад, ки яке тезтар роҳ мегардад ва на дар ҳама истгоҳҳо меистад ва бо номи Rapid Metro машҳур аст. Ба акс нигаред. Дигар намуди нақлиёт ки дар пас ё пеши Rapid Metro меравад дар ҳама истгоҳ истода мусофиронро қабул мекунанд. Он мусофироне, ки дар шитобанд метавонанд аз Rapid Metro истифода баранд чун на дар ҳар истгоҳ ин намуди нақлиёт меистад ва дар як муддати кӯтоҳ мусофиронро аз як тарафи шаҳри бузург ба дигар тарафи он мерасонад. Пардохти нақлиёт бо кортҳо буда барои донишҷӯён 30 доллар дар як моҳ мебошад ва ба пиронсолон хеле арзон аст. Дигарон метавонанд ба 17 доллар корти як ҳафтаинаро харида онро метавонанд тамоми ҳафта бидуни маҳдудият истифода баранд. Ҳар як барандаи корт метавонанд мӯҳлати эътибори кортро дар марказҳо ва истгоҳҳо дарозтар намуда бидуни маҳдудият метавонад истифода барад.
Ҳар автобуси шаҳр бо паёмҳои тиҷоратӣ оро дода шудаанд. Чи мешуд агар ширкатҳои маҳаллӣ низ дар Тоҷикистон шаҳрҳо ва ноҳияҳоро бо нақлиёти дастрас таъмин намуда паёмҳои тиҷоратии худро тарғиб намоянд ва дар як вақт мусофиронро аз як минтақа ба минтақаи дигар бубаранд? Шояд тарғиби паёмҳои тиҷорати тавассути оинаи нилгун ва лавҳаҳо назар ба нақлиёт гаронтар бошад.
Дар шаҳри Ҳартфорд автобусҳои маркази шаҳр ройгон барои тарғиби паёмҳои тиҷоратӣ барои мусофирон хизмат мекунанд.
Ногуфта намонад, ки ҳар як нақлиёти оммавӣ бо сӯзишвории тозаи экологӣ ё барқ кор мекунад.
Ҳамроҳи дӯстам дар вақти баргаштан аз соҳили уқёнуси Ором дар Санта Моника ба бозоре ворид шудем, ки ончо хориҷиён аз тамоми ҷаҳон хӯроки нисфирӯзӣ мехӯрданд. Баъд аз сайру гашт ба як дӯконе расидам, ки онҷо меваҳои хушк барои фурӯш гузошта шуда буданд ва чашмам ба зардолуи хушк афтод. Як фунт зардолуи хушки дорукарда шуда 23 доллар аст. 2.2 фунт баробар ба 1 килограм аст ва ин бар меояд, ки як килограм зардолуи хушк беш аз 55 доллари амрикоист. Нигаред ба акс.



almost it is nice a blog but i thing you mixed it with hree languge. i guse its better to use only your laguge if you can
Thank you very much Mr. Ismonov for your comment. Yes, I mixed three languages, but soon will launch fully Tajik language blog.
No no, just lets leave it with three languages. You did pretty well creating such a blog. Hopefully, you created this web according to the worldwide standard.