Лос Анҷелес
Як соли таҳсил ба хотима расид. Пагоҳ ба шаҳри фариштагон, ба шаҳри Лос Анҷелес меравам. Тавассути Ню Йорк ба Лос Анҷелес меравам аз шарқ ба ғарбӣ Амрико. Дар ғарбӣ Амрико соли 2007 бори аввал ба шаҳри Сиэтл рафта будам. Бори аввал ба Лос Анҷелес рафта истодаам ва ин шаҳри фариштаҳоро дар клипҳои сурудхони машҳури эронӣ Анди Мададиён дида будам. Аз рӯи маълумоти Википедиа, Лос Анҷелес дуюмин шаҳри бузургтарин ва сераҳолитарини Амрико ва аз ҳама бузургтарин шаҳр дар иёлати Калифорния ба ҳисоб меравад. Ин шаҳри маркази тичорати ва фарҳанги буда дар тамоми чаҳон бо Ҳолливуд, маркази филмбардории Амрико машҳур аст. Фармондор ё губернатори иёлати Калифорния низ яке аз ситораҳои Ҳолливуд мебошад ва дар тамоми ҷаҳон бо филмҳои Терминатор ва дигарон машҳур аст. Бале, фармондори иёлати Калифорния Арнолд Швартсенегр аст.
Мисли ман, панҷ нафар дӯстонам аз Тоҷикистон ва аз дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҳам дар ташкилотҳои гуногун дар давоми тобистон ба таҷрибаомӯзӣ машғул мешаванд. Ман ҳам дар яке аз ташкилотҳои амрикоӣ барои худ як вазифаи тарҷрибаомӯзро дарёфт кардам, ки он ба риштаи таҳсили ман “фанновариҳои муосир дар таълим” мебошад. Бархе аз дӯстонам дар Бонки Ҷаҳонӣ, СММ, дар ташкилотҳои маҳалливу давлатӣ тарҷрибаомӯзӣ хоҳанд кард. Умуман ҳар донишҷӯ дар донишгоҳҳои Амрико бояд давоми се ё ду моҳи тобистон ба таҷрибаомӯзӣ машғул шавад. Илова бар ин ҳар як донишҷӯ, инчунин толибилмони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар як сол бояд аз 20 то 40 соат барои маҳаллӣ худ хизмат кунанд. Фикр мекунам ҳама барои сабт кардани таҷрибаомӯзии худ дар таърихчаи зиндагиномаашон ва ё резюме ҳаракат мекунанд. Таҷрибаомӯзӣ ва хизмат ба маҳалла имкони шиносоӣ бо мутахассисони соҳаи худ ва кор бо онҳо барои ҷавонон медиҳад. Пас аз анҷоми таҷрибаомӯзи ҷавонон тавсияномаҳо мегиранд, ки дар ояндаи наздик барои дарёфти кор кӯмак мерасонанд.
Имрӯз дар сомонаи Радиои Озодӣ мақолаеро бо унвони Як ҳафтаи ҷавонон дар макомоти Суғд хондам.
Барои чи як ҳафта? Дари мақомоти давлат ҳамеша бояд ба ҷавонон ва донишҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ кушода бошад. Тамоми соли дар Амрико ҳама департаментҳои давлатӣ, инчунин Кохи Сафед барои таҷрибаомӯзон аз донишгоҳҳои кишвар кушода аст. Ба ғайр аз ин бисёр донишҷӯён дар Созмони Миллал ва ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ низ ба тарҷрибаомӯзӣ машғул мешаванд.
Агар “сиёсатмадорони калонсол” солҳои тӯлонӣ дар курси нишаста, ояндаро дар дасти ҷавонон на дар рӯи қоғаз, балки дар амал бинанд он вақт кишвар дар бисёр равияҳои муосир (иқтисодиёт, идоракунӣ, фанновариҳо ҷадид ва ғайраҳо) пеш хоҳад рафт.


Офарин маъкул фикратон
Ташаккур устоди мӯҳтарам
Мехоҳам бисёртар нависам, аммо аз сабаби серкорӣ дастам намерасад. Ба наздики боз фикру назарҳои худро хоҳам навишт.