Ibrahim's Blog

БАРНОМАИ СТИПЕНДИЯВИИ МАЪЛУМОТИ ҲУҚУҚӢ ВА РУШД (LEAD)

by ibrahimjon on Feb.07, 2010, under Learning News, Tajikistan, Эълонҳо

Барномаи Стипендиявии Маълумоти Ҳуқуқӣ ва Рушд (LEAD) барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба мутахассисони дорои маълумоти олии хукуки имконияти гирифтани унвони магистри илмҳои ҳуқуқиро дар ИМА пешниҳод менамояд.
Мақсади барнома иборат аст аз мустаҳкам намудани волоияти қонун дар Точикистон тавассути ба мутахассисони сохаи хуқуқ пешниҳод кардани имконият барои дарки нисбатан васеи системаҳои муқоисавии ҳуқуқӣ ва муҳокимаи қонунгузории Тоҷикистон ва ИМА.
LEAD барномаи Бюрои Давлатии ИМА оид ба мубориза бар зидди нашъаманди ва ҳимояи тартиботи ҳуқуқи аст ва аз тарафи АБА РОЛИ ва Айрекс амали гардонида мешавад. Ҳамаи иштирокчиён дар асоси озмуни шафоф интихоб карда мешаванд.
Хамаи иштирокчиёни барнома:
• Дар давоми як сол курси пурраи академикии Магистри Илмхои Ҳуқуқро (LL.M.) меомузанд;
• Дар ҷараёни барнома бо Ӯстодони АБА РОЛИ Ҳамкори менамоянд;
• Дар тули соли аввали академики дар лоиҳаҳои ихтиёри, ки ба дастгирии ҷомеаи махаллӣ равона карда шудаанд, иштирок мекунанд;.
• Баъди ба итмом расидани курси таълимӣ тачрибаи касбӣ меомузанд.
Барнома маблаггузории пурраро таъмин намуда, аз он ҷумла, пешкаш менамояд:
• Дастгирӣ барои гирифтани визаи Амрикои J‐1;
• Роҳкиро аз манзил то ба Донишгоҳи қабулкунандаи ИМА ва бозгашт ба манзил.;
• Стипендияи моҳона;
• Пардохти қисме аз арзиши суғуртаи тиббӣ;
• Пардохти арзиши тахсил дар ИМА
• Маблағ барои хариди китобҳои дарсӣ
• Пардохти иловагӣ барои курсҳои шиддатноки забони англисӣ пеш аз оғози барнома (агар зарурият бошад);
• Имкониятҳои васеъ дар ҷоддаи болоравии касбӣ барои хатмкунандагони барнома;

Рӯзи охири қабули ҳуҷҷатҳо: сешанбе, 23 феврал, с 17:00

Анкетаҳоро барои иштирок дар Барномаи стипендияи (LEAD) аз идораи Айрекс дарёфт ва баъди пур кардан ба ин ҷо бозгардонида метавонед. Барои талаботи пурраи квалификатсионӣ ва маҳаки интихоб ба дастурамал нигаред. Анкетаҳо, инчунин, дар сайти зерин дастрасанд: http://www.irex.org/programs/lead, IREX, Душанбе, Тоҷикистон 734002 Тел: (+992 37) 224‐58‐65/20, 224‐751, факс: (+992 37) 224‐65‐89, пэ: lead@irex.tj

:

Leave a Reply

Looking for something?

Use the form below to search the site:

Still not finding what you're looking for? Drop a comment on a post or contact us so we can take care of it!