Ibrahim's Blog

Блог дар Таълим

by ibrahimjon on Jan.30, 2010, under E-tools, ICT in Education, book reviews, e-Learning, Тоҷикӣ

Дар мақолаи қаблие, ки дар Блогистони Радиои Озодӣ нашр шуд навишта будам, ки торнигори худро барӯз хоҳам кард. Аз рӯи имкон ин торнигорро ҳаракат мекунам тез-тез дарбораи таҳсил ва ҳаёти худ дар Амрико мақолаҳо нависам.

Дирӯз аз сомонаи Амазон ду китоберо харидорӣ кардам ва онро байни ду рӯз ба ман тариқи почта фиристоданд. Аллакай ду-се боби ин китобҳоро мутолиа кардам. Ҳар ду китоб дар бораи истифодаи нармафзорҳо ва абзорҳои гуногуни интернетӣ дар таълим мебошанд

Blogs, Wikis, Podcasts, and Other Powerful Web Tools for Classrooms
Блогҳо, Викиҳо. Подкастҳо, ва дигар абзорҳои пурқуввати интернетӣ барои синфхонаҳо

Web 2.0: New Tools, New Schools
Веб 2.0: Абзорҳои Ҷадид, Макотиби Ҷадид.

Ин ду китобҳо пурра дар бораи чӣ тавр истифода бурдани абзорҳои интернетӣ дар мактаб ҳам аз тарафи хонандагон ва ҳам аз тарафи омӯзгорон мебошанд. Дар ин ду китоб бисёр

маълумот дар бораи таърихи рушди Интернет ва истифодаи он дар таълим тавсияҳо ва намунаҳои сомонаҳои таълимӣ оварда шудааст.

Блог чист?

Блог ё торнигор сомонаест, ки ба давраи дуюми шабакаи ҷаҳонии Интернетӣ муталиқ аст.

Давраи якуми Интернет ин давраест аз солҳои 1990 то солҳои 2000-01 мебошад. Дар ин давра сомонаҳо танҳо аз тарафи мутахассисон сомон дода мешуданд. Бештар сомонаҳоро барои дарёфти иттилоот истифода мебурданд. Албатта аз почтаи электронӣ ҳама метавонист аз солҳои аввали пайдоиши шабакаи Интернет истифода барад аммо ҳар корбарӣ интернет имкони боз кардани сомонаи худ ё мунташир кардани акс ё мақолаеро надошт. Барои сохтан ва ҷой додани сомонаҳо шахс бояд забони махсуси HTML ва барномаҳои махсусро аз худ мекард. Бисёр сомонаҳо дар вақташ барӯз карда намешуданд ва онҳоро сомонаҳои статикӣ меномиданд. Ин аст мухтасар дар бораи Веб 1.0

Дар давраи дуюми шабаки Интернет бо истилоҳ Веб 2.0 бошад аллакай барноманависон бисёр абзорҳо ва нармафзорҳоеро омода карданд, ки ба ҳар корбари Интернет имкон медиҳанд бо осонӣ дар Интернет маводҳои худро нашр намуда бо дигарон баҳсу мунозираҳо гузаронанд. Ҳамакнун барои ҷой додани ягон мақола ва ё акс донистани забони махсус лозим нест ва ҳар сомонаро метавон бо осонӣ дар як чанд дақиқа барӯз кард. Ҳама корро метавон дар мурургарони Internet Explorer ё Mozilla Firefox анҷом дод. Имрӯзҳо корбарониинтернет ба ҷойи истифодаи барномаҳои гарони ба монанди Microsoft Office аз Google Docs истифода мебаранд. Барномаи Office Word, ки ба корбарони компютер шинос аст насб карданро талаб мекунад, аммо Google Docs бошад дар мурургари Интернет ҳамаи корҳои Office Word-ро ройгон пешкаш менамояд. Давраи дуюм ё насли дуюми Интернет барои ҳамаи корбарони интернет имконияти васеъ истфода бурдан ва бо ҳам пайвастанро медиҳад. Сомонаҳои WordPress, Blogger, Gooogle Docs, харитаҳо, Википедиа, шабакаҳои ҷамъиятии Facebook, Twitter, Мой Мир, You Tube, Flickr ва ғайрҳо ҳама муталиқ ба насли дуюми интернет мебошанд, ки корбарони онҳо бо осонӣ аксҳо, наворҳо, паёмҳо ва мақолаҳои худро бо ҳам мебинанд. Муассиаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, донишгоҳо, ширкатҳои тиҷоратӣ низ барномаҳо, хизматҳо ва молҳои худро тариқи блогҳо ва абзорҳои Интернетӣ ба омма пешкаш ва таблиғ карда назарсанҷиҳо мегузаронанд. Ин буд мухтасар дар бораи Веб 2.0

Блог ин сомонаест ба мононди рӯзномаи интернетӣ, ки ҳар рӯз метавон дар бораи ин ё он мавзӯъ матолиберо бо осонӣ нашр намуд. Блогҳо мавзӯҳои гуногун доранд ва ҳар як дақиқа бино ба яке аз китобҳои дар боло ёдоваршуда ду блог дар ҷаҳон кушод мешавад. Ҳазорҳо блогеррон дар ҳар сония дар бораи шуғли дӯстдоштаи худ, ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ғайраҳои фикру андешаҳои худро дар блогҳои худ навишта бо ёру дӯстон баҳсу мунозираҳо мегузаронанд. Аз соли 2005 ин тараф омӯзгорон дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба мисоли Амрико низ ин абзори навро дар дарсҳои худ васеъ истифода мебаранд. Дарсҳои макотиби амрикоӣ лоиҳавӣ буда, ҳар як омӯзгор бо шогирдонаш ин ё он мавзӯъро мавриди баҳс қарор медиҳад. Ҳар хонанда ба рӯзномаи интернетии худ фикру ақидаҳои худро иброз мекунад. Омӯзгор саволҳои супориши хонагӣ ва пайвандҳои алоқамандро ба торнигораш ҷой медиҳад ва аз хонанагон талаб мекунад, ки ба саволҳои мавзӯъ дар як мӯҳлати муайян посух гӯянд. Хонандагон аз бисёр сарчашмаҳои интернетӣ истифода бурда фикру андешаҳои худро дар торнигори худ ва ё синф ҷой медиҳад. Волидайни хонандагон низ дар бораи дарсҳои мактабӣ тариқи интернет ва торнигори муаллимон дар бораи пешрафти фарзандонашон маълумот пайдо карда бархе аз онҳо дар баҳси хонандагон низ иштирок мекунанд. Аз рӯи гуфтаҳои яке аз омӯзгорон блогҳо барои рушди тафаккури интиқодӣ, муомила бо дигарон, забономӯзӣ ва хонишу навиштани иншо мусоидат мекунад. Инчунин бо истифодаи фанновариҳои нав насли наврас аз дастовардҳои илму фанновариҳо бохабар шуда бо донишу малака ва маҳорати асри 21 ошно мешаванд.

Дар навиштаҳои минбаъда бештар оиди абзорҳои гуногуни Интернет ва истифодаи онҳо таълимӣ дар торнигор хоҳам навишт. Агар саволу пешниҳодот ё ягон андешае дошта бошед, метавонед тариқи почтаи электронӣ ё бо гузоштани тавзеҳ дар зер бо ман дар алоқа бошед.


Leave a Reply

Looking for something?

Use the form below to search the site:

Still not finding what you're looking for? Drop a comment on a post or contact us so we can take care of it!