Имрӯз ба шаҳри Ҳартфорд ҳамроҳи як донишҷӯи тоҷик бо номи Наргис омада расидам. Пеш аз нишастан ба ҳавопаймо ҳар ду барои гузаштан аз гумрук омода шудем. Ҳар ҷомадони мо бояд на зиёд аз 50 фут(тахминан 22 килограм) бошад, вагарна ба ҳар вазни иловаги аз мо метавонанд беш аз 100 доллари амрикоӣ талаб намоянд. Хушбахтона, ҷомадони мо на он қадар вазнин буд ва мо парвоз омода шудем. Тахминан парвози мо аз Вашингтон то Ҳартфорд камтар аз яку ним соат тӯл кашид.
Дар охир ба шаҳри Ҳартфорд расидем ва аз гуфтаи Наргис ӯро як донишҷӯ мунтазир буд. Манро бошад ҳеҷ кас дар Ҳартфорд интизор набуд. Ман танҳо суроғаи меҳмонхонаро медонистаму халос. Мо дар фурудгоҳи шаҳри Ҳартфорд харитаи шаҳро гирифта бо ҷадвали такси ва автобусҳо шинос шудем. Наргис ба донишҷӯе мунтазир буд ва манро хоҳиш кард, ки ҳар ду мунтазири ҳамон донишҷӯ шавем. Баъд аз чан лаҳза он донишҷӯ, агар хато накунам, лаҳистони ба назди мо омад ва ҳолпурси карду Наргисро гирифта рафт. Баъдан ман як таксиро дошта ба меҳмонхонаи Hotel Inn Express омадам.
Шаҳри Ҳартфорд на он қадар шаҳри калон мебошад. Маркази шаҳри Ҳартфордро Downtown Hartford, яъне Маркази Ҳартфорд. Инҷо Биноҳои баланди Бонки Амрико, ширкати мобилии AT&T, ширкатҳои суғуртави қомат афрохтаанд. Шаҳри Ҳартфорд – маркази маъмурии иёлати Коннектикут мебошад ва аз гуфти сокинони ин шаҳр Ҳартфорд дар ҷаҳон ҳамчун пойтахти ширкатҳои суғуртавӣ машҳур аст.
Дар меҳмонхона тез барои бардоштани ҷомадони на он қадар вазнини ман пешхизмати меҳмонхона ёри расонд. Дар меҳмонхона ба ман ду калиди ба корти пардохти хизматҳои мобили монандро доданд, ки онро метавонед ба ҷои калид истифода баред. Дар меҳмонхонаи дастраси ба Шабакаи Интернет бе ноқил ва хеле суръати баланд дорад.
Аз рӯи имкон ман бештар дар бораи Ҳартфорд ва таҳсили худ дар Донишгоҳ хоҳам навишт. Агар саволе оиди таҳсил ва зиндагӣ дар Ҳартфорд ва умуман дар ИМА дошта бошед, ҳатман дар поёни ин навиштаи ман тавзеҳоти худро ирсол намоед.

