Шӯъбаи тоҷикистонии Институти «Ҷомеаи кушода» – Бунёди мадад ба бурсҳо барои сафар озмун эълон менамояд
Дастгирии молиявӣ дар шакли бурс ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар сурати мавҷудияти даъватномаи расмӣ ба чорабиниҳои байналхалқӣ (конфронсҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва таҳсили кӯтоҳмуддат) дар асоси озмун пешниҳод карда мешавад.
Дархостҳо ба самтҳои зерини афзалиятдоштаи Бунёд қабул карда мешаванд:
Масоили ҷомеаи шаҳрвандӣ; ислоҳоти ҳуқуқӣ; маориф; воситаҳои ахбори умум; фарҳанг ва ҳунарҳои зебо; муҳити атроф; масоили гендерӣ; сиҳати омма.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва нусхаи дархостҳо ба ШТ ИҶК – БМ ба суроғаҳои зеринмуроҷиат намоед:
ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 37/1, Маркази “Vefa”, ошёнаи 4-ум, тел: 441-07-28, 441-07-29,
е-mail: ilhom@osi.tajik.net, registrator@osi.tajik.net
ш. Хуҷанд, Маркази Иттилоотӣ-Таълимии ШТ ИҶК- БМ, маҳаллаи 16, назди БДА-и вилоятӣ,
тел: (3422) 2 -94-13, 2-12-29
ш. Қурғонтеппа, Маркази Иттилоотӣ-Таълимии ШТ ИҶК-БМ, кӯчаи Абӯ Алӣ ибн Сино хонаи 12 хуҷраи 7, тел: (3222) 2-57-03
Дархостҳое, ки баъд аз муҳлати зикргардида расидаанд, талаботи ШТ ИҶК – БМ-ро ба инобат нагирифтаанд, ба воситаи почтаи электронӣ фиристонда шудаанд ва ё номукаммаланд дида баромада намешаванд. Номзадон аз натиҷаи озмун ба воситаи почта хабардор карда мешаванд. Сабабњои рад гардидани дархостҳо шарҳ дода намешаванд. Маводи ба озмун пешниҳодшуда баргардонида намешавад. Барои намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатӣ супоридани нусхаи оинномаи ташкилот ҳатмист.
Тамоми дархостномаҳои Шӯъбаи тоҷикиcтонии Институти «Ҷомеаи кушода» – Бунёди мадад БЕПУЛ паҳн карда мешаванд.
Дархостномаҳо ба чорабиниҳое Қабул карда мешаванд, ки аз 1 январ то 29 феврали соли 2008 баргузор мегарданд.
РӮЗИ ОХИРИНИ ҚАБУЛИ ДАРХОСТНОМАҲО – 15 НОЯБРИ СОЛИ 2007

